Хоинони миллат ба мақсад намерасанд

Солҳои охир ҲНИ тавассути истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигӣ, туҳмату иғво ва кинаю адоватро барангехта, баҳри халалдорсозии ҳаёти осудаи Тоҷикистони азиз ва амнияти ҷамъиятӣ таҳдидҳои рӯирост намуда истодаанд. Агарчи Ҳукукмати Тоҷикистон ҳанӯз соли 2015 Ҳизби наҳзати исломиро мамнӯъ ва террористӣ эълон дошта буд, то кунун пайравони он дар хориҷи кишвар мекӯшанд, ки ба ҳувияти сиёсӣ ва истиҳлолияти давлатӣ зарбаи ҷиддӣ расонанд.

Амалҳои хиёнаткоронаву моҷароҷӯёнаи Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш нисбати Модар-Ватани худ, ки берун азхоки Ватан ҳарор доранд, боиси нигаронии ҷомеа гардидааст. Ҳайратовар аст, ки ин ҳабил афрод дар ин рӯзҳои фоҷеабор, ки тамоми ҷаҳон бо вабои аср-бемории Covid-19 мубориза бурда истодааст, дар канори давлату миллат наистода, баръакс дасисаю иғвогариро пеша кардааст. Афкору андешаи дурӯғи саркардагони ин ташкилоти террористӣ, ақлу зеҳни кунди иддае дур аз илму маърифатро рабуда, онҳоро фирефтаи ваъдаҳо менамояд, ки ба обрӯву эътибори Тоҷикистони маҳбубамон иснод меоварад.

Ҳар як фарди бонангу ори тоҷик, ки имрӯз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тӯли 29 сол ба даст овардаи халҳу ватани хешро ҳадр мекунад, хуб дарк хоҳад кард, ки ин ихтилофангезиву дасисабозиҳои ин хоинони миллат ба гумроҳӣ бурдани мардуми мо равона карда шудааст.

Имрӯз мо насли даврони Истиқлол, ки рӯз то рӯз аз файзу самараи он баҳравар ҳастем, бояд аз ин амалҳо ва манфиатҷӯиҳои ин ташкилот зиракии сиёсии худро дучанд намоем ва барои ободиву осудагии ватани худ софдилона хизмат намоем.

С.Ғаффорова, устоди
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh