Нисбати ояндаи давлату миллат бетараф нестем!

Дар замони муосир экстремизм ва терроризм ба амният ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша хатар эҷод намуда, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои гуногуни олам қарор гирифтааст. Дар охири асри ХХ дар баробари тараққиёти техникӣ терроризм доман паҳн карда, ба муаммои глобалӣ табдил ёфт. Гарчанде амалҳои террористӣ дар гӯшаҳои олам бо роҳу воситаҳои гуногун содир мегарданд, ҳамоно мавзеҳҳои серодам мавриди ҳамла қарор дода мешавад, зеро ҳадаф ин ба тарс ва воҳима андохтани мардум аст. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ҷавонони бесаводу бемаърифатро ба боварии худ дароварда, онҳоро бовар мекунонанд, ки гӯё шахси ба амали террористӣ дастзада биҳиштӣ аст ва пас аз марг дар байни ҷомеа обрӯву нуфузи бештаре пайдо мекунад. Ҳатто бо овардани баъзе далелу мисолҳои бардурӯғ суханҳои пучи худро исбот карданӣ мешаванд. Шахсе, ки маълумоти кофии диниву дунявӣ, машғулияти муайян надорад аз зудбоварӣ ба ваъдаҳои бардурӯғи гуруҳҳои тундрав бовар намуда, гумроҳ мешавад. Аммо таҳлилҳои муҳаққиқони соҳа нишон медиҳад, ки шахсони гумроҳшуда ба лӯхтаки зархаридони хориҷӣ ва баъзе доираҳои манфиатҷӯй табдил ёфта, оқибати шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав пушаймонист ва бештар бо марг меанҷомад.

Ташкилотҳои террористӣ то ба андозае аз инсони оддӣ “робот” тайёр мекунанд, ки новобаста аз тағйирёбии вазъият фикри худро иваз нанамояд. Ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки террорист-худкуш тасодуфан аз марг эмин мондааст, аммо аз мақсаду роҳи интихобкардааш барнамегардад. Қаблан чунин меҳисобиданд, ки террорист-худкуш асосан аз ҳисоби шахсони камбағал ва бешуғл омода мегардад, аммо таҳлилҳо ин ақидаро инкор намуданд. Тавре номзади илмҳои педагогӣ, корманди илмии Институти психологияи Академияи илмҳои Россия, мутахассис дар самти психологияи иҷтимоӣ, динӣ ва этникӣ - Соснин Вячеслав Александрович дар мақолаи худ таҳти унвони “Современнқй терроризм и проблема мотиваӣии террористов смертников” менависад: “Таҳлили ҳуҷҷатҳои «Святқе мученики двуречҳя»-и фарогири 430 ҳолномаи террорист-худкушони ташкилоти террористиву эксремистии “Ал-Қоида” аст, нишон дод, ки дар байни террористони худкуш шахсони дорои шуғли бо маоши баландтар таъмин кам нестанд”. Ӯ террористро шахси аз ҷиҳати равонӣ фавтида донистааст.

Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки ташкилотҳои террористӣ роҳу усулҳои гуногунро баҳри гумроҳ сохтан ва даст ба амалҳои харобиовар задани инсони носолимфикр мезананд.

Боиси таассуф аст, ки шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ аз ҳисоби кӯдакону занон ташвишовар боқӣ мемонад. Саволе ба миён меояд, ки онҳо чӣ гуноҳ доштанд?

Баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз он ҷумла, терроризму экстремизм ҳар як ҷавони солимфикрро ҳамчун нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа зарур аст:

  •  баҳри ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ, тарғиби ғояҳои Истиқлолияти миллӣ пайваста кӯшиш намояд;
  •  дониши сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси худшиносии миллии худро бо мутолиаи маводҳои илмӣ, ширкати фаъолона дар чорабиниҳо ва корҳои ҷамъиятӣ баланд бардорад;
  •  эҳтироми атрофиёнашро новобаста аз синну сол, миллат ва наҷод ба ҷо орад;
  •  нисбати вазъи равонии аҳли оила, наздикону пайвандон ва воқеаҳои атрофи худ бетараф набошад;
  •  аз вазъи ҳамарӯзаи ҷаҳон тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳӣ ёбад ва ба он баҳои воқеӣ диҳад;
  •  Ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан ва саҳм гузоштан дар ободии он, шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатиро воситаи комёбиҳои беназир ва хушбахтии беканор донад;
  •  Воситаҳои техникӣ, шабакаи интернетро танҳо бо мақсади баланд бардоштани илму дониш ва зеҳну маърифат истифода намуда, аз муошират бо шахсони бегона тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, мутолиаи маводҳои шубҳанок ва бозиҳои шабакавии дорои характери зӯроварӣ ва ифротгароӣ худдорӣ намояд, зеро гуруҳҳои ифротгаро шабакаи интернетро воситаи муҳими ҷалби ҷавонон ба сафи худ интихоб намудаанд.
  •  Танҳо филмҳои тарбиявиро тамошо кунад ва аз филмҳои инъикоскунандаи қатлу куштор, бераҳмиву бемеҳрӣ даст кашад;
  •  Ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки ӯро хурду бузурги хонадон бо умедҳои созанда менигаранд ва баҳри хушбахтии ӯ талош меварзанд;

Фаромӯш набояд сохт, ки мубориза бо терроризму ифротгароӣ танҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ набуда, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост ва ҳамкории ногусастании ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст.

Муталиб Маҳмудов,
мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Add comment


Security code
Refresh