ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАР БАР ҶОМЕАИ БАШАРӢ

Ҳоло чунин шароите ба вуҷуд омадааст, ки аксарияти созмонҳои ҷаҳонӣ барои дар ҷомеа озоду мустақил ва орому осуда зиндагӣ кардани насли башар талош меварзанд, давлатҳо миллионҳо доллар сарф мекунанд, то амнияти сокинонашон таъмин гардад. Лек ҳоло боз хатарҳо бар ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳсос мешавад, ки онро мардум ҳархел арзёбӣ мекунанд, аммо ба ҳар навъе набошад насли инсон дар хатар мебошад.

Пайдо шудани раванҳо ва падидаҳои номатлуб  дар шароити феълӣ аҳли сайёраро  хавотир сохтааст. Чунки бо пайдо шудани хатарҳо ва таҳдидҳо бар насли башар, имрӯз авзои сиёсӣ низ каме тағйир ёфтааст, ки ин аз бисёр ҷиҳат нигарокунанда мебошад. Яке аз падидаҳои номатлуб ин терроризм ва экстремизм мебошад, ки имрӯз ҳаёти осоиштаи ҷомеаро нигарон намудааст.

Ҳоло гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ бештар дар кишварҳои Ховар фаъолияти густарда бурда, садҳо шаҳру маҳалҳои аҳолинишинро зери оташи тубу тир қарор доданд, ки имрӯз ҳолати Сурия ва Яман ба ҳама маълум аст.

Чаро сафи созмонҳо ва гурӯҳҳо меафзояд?

Воқеан ҳам ба ин суол посух гуфтан бисёр мушкил аст, зеро омилҳо ва ангезаҳои пайдоиши созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ хеле зиёд мебошад, лек ҳамаи ин созмонҳо як маром ва мақсад дорад, даҳшатафканӣ ва ваҳмандохтан дар ниҳоди мардум, ҳаёти осоиштаро халалдор намудан.

Тавре, ки дар маводи таърихӣ омадаст, аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар солҳои 90-ум зиёда аз 160 ҳазор шаҳрванди бегуноҳи кишварро ба қатл расонидаанд, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад.

Аммо наҳзатиён бар ҳамаи иктифо накарда ба хотири миллатро гумроҳ намудан, равшанфикронро ба қатл расониданд, ки ин ҳам хиёнати нобахшиданист ва ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд.

Миллати тоҷик хунхорӣ ва разолати наҳзатиёнро фаромӯш накардааст ва ҳаргиз наҳзатиёни палид ва авбошу террористро нахоҳад бахшид.

Дилмуроди Вафо,
устоди ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh