«Хиёнат»: Фоҷиаи инсоният

Дар ҷанги шаҳрвандие, ки соли 1992 дар кишвар авҷ гирифта буд, беш аз 1 миллион шаҳрванд гуреза, 150 ҳазор нафар қурбон, 55 ҳазор кӯдак ятим, 28 ҳазор занону модарон бешавҳар, 2 миллион нафар бехонаву дар монда, ба иқтисодиёти кишвар даҳҳо миллиард доллар хисорот оварда шуда, талафоти маънавии ин қазияро наметавон ҳисоб кард.

Ин нуктаҳо дар конфронси вилоятии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Аз даъвои қудрат то хиёнат ба миллат. Ифшои симои аслии ТТЭ ҲНИ» баргузор гардид, гуфта шуд. Дар он роҳбарон ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, мудирони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳо, ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ, сархатибони масчидҳои ҷомеи марказӣ, имомхатибони масчидҳои ҷомеъ, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷавонони фаъол ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Сараввал ҳамагон филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» - ро тамошо карданд, ки дар он бобати фаъолияти ташкилоти экстремистию террористӣ, алалхусус роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ маълумоти муфассал намоиш дода шуд. Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» кирдорҳои нобахшиданӣ, хиёнати роҳбари он Кабирӣ ва аъзои ҳизби наҳзат дар давоми 40 соли охир пурра бо далелҳои дахлнопазир намоиш дода шуд. Ин филм дар асоси далелҳои дақиқу амиқ бо шоҳидии аъзои ҳизби наҳзат, иштирокчии бевосиати ҳодисаҳо таҳия шудааст. Аз кирдорҳои нопок ва ниятҳои боғаразонаи ин ашхос ҳатто наздикону пайвандонаш, ки ба доми фиреби ӯ фаромада буданд, афсус мехӯранду аз карда пушаймон ҳастанд.       

Пас аз тамошои филми мазкур аз ҷониби сохторҳои давлатӣ маърӯзаҳо шунида шуд. Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Суҳроб Рустамзода дар маърузаи худ қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меъмори бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ собитқадамона қадам гузошта, Конститутсия ба ҳар як шаҳрванд таъмини зиндагии шоистаро кафолат додааст. Мусаллам аст, ки давлату Ҳукумат ба эътиқоди динии шаҳрвандон ҳамчун мероси аҷдодӣ ва ҷузъи арзиши умумибашарӣ муносибати хоса дорад.

- Миллати таммадунофари тоҷик аз қадимулайём бо илму дониш, некиву накӯкорӣ, сулҳу ваҳдат ва ободкориву меҳмондӯстӣ дар саросари олам шинохта шудааст. Мутаассифона, дар замоне, ки тоҷикон кӯшиши давлатдорӣ доштанд, иддаи нопоке баҳри аз байн бурдани миллати тоҷик, дигаргун сохтани мазҳаби аҷдодӣ ва зери тафаккури бегонагон қарор додани он кӯшиш мекарданд. Ин тоифа бо истифода аз арзишҳои динӣ мардумро гумроҳ намуда, пинҳонкорона бо ташкили гурӯҳҳои таълими динӣ ақидаҳои ба мо бегонаро талқин намуда, сатҳи пайравони худро зиёд мекарданд. Саркардагони ҳизби наҳзат пурра ба таълимоти хоҷагони хориҷиашон дода шуда, комилан ба мазҳаби ба кишвари мо бегона гаравиданд, - гуфт Суҳроб Рустамзода.

Султонзода Тоҷибой, мудири шуъбаи рушти иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят гуфт, ки конфронси имрӯза саривақтӣ ва зарурӣ аст, зеро сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи манфури замони муосир, ки аз амнияти халқи мамлакат ва миллатҳои олам хатари ҷиддӣ ворид месозад, мавқеи меҳварӣ дорад. Зеро ин масъала дар тамоми даврони зиндагии инсоният воситаи даҳшатбор  ва бадбахтиофар ба ҳисоб рафта, афроди ҷоҳил, авбош, дузду қаллоб ва одамкуш алайҳи инсонияти тараққихоҳ баромадаанд.  

Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Хуҷанд, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон Мӯсозода Ҳоҷӣ Ҳусайн пас аз тамошои филми ҳуҷҷатӣ гуфт, ки филм давоми он хиёнате, ки ҳизби наҳзат дар идомаи солҳои тӯлонӣ кард, ба ҳамагон маълум аст. Вақте дар ҷумҳурии мо ҳизби наҳзат расман фаъолият мекард ва вақте Муҳиддин Кабирӣ ба вилояти Суғд ташриф овард, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дигар шаҳру ноҳияҳо мардум фикри худро озодона баён карданд. Ҳолат то ҷое расид, ки Кабирӣ шармандавор аз вилоят баромада рафт. Дар ин ҷода ходимони дин, аҳли маҳалла, аҳли зиё бояд мавқеи худро баён кунанд. Дини Ислом ба ҳизби динӣ эҳтиёҷ надорад.  

Ҳамчунин, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримзода қайд кард, дар рӯзҳое, ки бемории «COVID – 19» тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, пурқудраттарин кишварҳо дар назди ин мариз оҷиз монданд.

- Душманони миллат ба ҷойи он, ки ҷиҳати пешгирии пандемияи мазкур кӯмак ва дастгирии худро расонанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноором кардани авзои ҷомеа кӯшиш менамоянд, ҳол он ки ин фоҷеа сангинтарин дилҳоро барои расонидани кӯмак ба гирифторони беморӣ нарм намуда, ба дарду ғами ҷомеа шарики худро изҳор медоранд. Филми мустанад бори дигар пардаро аз рӯи хиёнаткориҳои фоҷиабору пурмакри аъзои Ташкилоти террористӣ ва экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ бардошта, сирати нопоку манфури наҳзатиёнро пеши назар ҷилвагар менамоянд. Муҳтавои филми мазкур ба мо таъкид мекунад, ки аз ҳама ҳизбу ҳаракатҳои бо ном ислом, ки динро барои фирефтан ва гумроҳ кардани халқ истифода мебаранд, бояд ҷиддан эҳтиёткор бошем, - афзуд Мирзоқосим Каримзода.

Сониян, аз ҷониби иштирокдорон фикру ақида ва андешаҳо бобати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва гурӯҳҳои дигари ифротӣ шунида шуд.

Шаҳбону Олимова,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh