КОНИБОДОМИЁН ДАВОМДИҲАНДАГОНИ АНЪАНАҲОИ НЕКАНД

Ҳамарӯза тариқи расонаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштани навиштаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ободкориву созандагӣ ва пешравиҳои мамлакатро нодида мегирад, ҳар нафари дӯстдори ватанро бетараф гузошта наметавонад. Ҳарзагӯиҳои навбатии ин шахс сӯи мардуми шаҳри Конибодом нигаронида шудааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки давоми ба даст овардани солҳои соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат шаҳри Конибодом хеле обод гаштааст. Зеро давоми ин муддат дигаргунӣ на танҳо дар ин минтақа, балки тамоми ҳудуди собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омада, зиндагии мардум ба куллӣ дигар гаштааст. Мардум имрӯзҳо гирди дастархони пурнозу неъмат менишинанд, шароити мусоиди зиндагӣ кору фаъолият дошта, шукронаи соҳибистиқлолӣ доранд. Сохта ба истифода додани даҳҳо иншооти ҳаётан муҳим, васеъ кардани майдонҳои кишоварзӣ, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъсиси коргоҳҳо ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудани мардум, таъмири роҳҳои автомобилгард, баланд бардошта шудани маърифати мардум, иштироки онҳо дар мусобиқаву озмунҳо ва ба даст овардани ғолибият, зиёд шудани сафи ҳунармандон ва ғайраҳо моро ҳушдор медиҳанд, ки ба имрӯза шукргузор бошем, ба ояндаи нек бо чашми хирад нигарем.

Имрӯз кишоварзону хоҷагидорони шаҳри Конибодом бо истифода аз обу ҳавои мусоид баҳри истифодаи босамари замин тамоми корҳоро андешидаанд. Дар хоҷагиҳои пахтакори шаҳр агар дар 6000 гектар кишти пунбадона пешбинӣ гардида бошад, кишоварзон дар майдони 6091 гектар пунбадона кишт кардаанд. ҳамчунин дар майдони 148,9 гектар кишти картошка ва дигар намуди сабзавот дар майдони 96,7 гектар гузаронида шудааст. Боғдорони шаҳр кӯшиш ба харҷ додаанд, ки дар майдони 10 гектар боғи кӯҳна боғҳои интенсивӣ бунёд намоянд. ҳамчунин дар шаҳр 43 гармхона дар масоҳати 2,46 гектар мавҷуд буда, дар масоҳати 2,36 гектари он кишт гузаронида шудааст.

Замин модар моро мехӯронаду мепӯшонад гуфтаанд. Истифодаи оқилонаи ҳар порча чӣ замини наздиҳавлигиву чӣ замини хоҷагиҳои деҳқонӣ моро аз вартаи нобудӣ раҳо месозад. Пас, чӣ аҷаб, агар деҳқоне бо кишти замини наздиҳавлигии худ машғул бошаду боз аз самари он дигаронро баҳраманд созад. Мақоли қатра-қатра дарё шавад, агар аз як тараф кишоварзони конибодомиро руҳбаланд созад, аз ҷониби дигар ин гуфтаҳо ба тамоми ободкориҳое, ки дар шаҳр рӯи кор меоянд, нигаронида шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳеч як ободӣ бе заҳмату тараддуд ва сарфи маблағ ба даст намеояд. Ҳамарӯза обод гардидани як гӯшаи мамлакат ҳар фарди ватандӯстро бояд водор созад, ки дар гул-гулшукуфии диёри хеш камари ҳиммат бандад. Мардуми Тоҷикистон меҳмонро чӣ худӣ бошаду чӣ бегона бо чеҳраи кушод ва гарм истиқбол мегирад ва бо ин хислатҳои наҷибонаи худ байни дигар мамлакатҳои дунё фарқ дорад. Конибодомиён низ аз ин урфу одатҳои гузаштагон орӣ нестанд. ҳар сокини маҳалла, деҳа, ҷамоату шаҳраки шаҳр низ ташрифи ҳар меҳмонро ба ҷон қабул медоранд, зеро хуб медонанд, ки онҳо давомдиҳандагони насли ориёиянд.

Моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба гуфтаҳои нафароне, ки ба ҷуз ҳарзагӯӣ, шуғли дигаре надоранд, дода нашаванд, ба Конибодом биёянд, бо чашми сар бинанд, ки он ҷо чи навгониҳое ба вуҷуд омадааст, мардум бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ машғули кору фаъолиятанд.

Мафтуни МАСТОН,

шаҳри Конибодом

Add comment


Security code
Refresh