Иғвогарии навбатӣ

Оромии кишвар ва ободии сарзамини мо аз муттаҳидиву иттиҳод ва ҳамдигарфаҳмиву талоши якҷоя баҳри беҳбудии кор сарчашма мегирад. Иттиҳоде, ки имрӯз мардуми тоҷик доранд ва дар фазои сулҳу субот, оромӣ, дӯстиву бародарӣ умр ба сар мебаранд ба хоинони миллат ва нафароне, ки мехоҳанд «обро лой карда моҳӣ доранд» писанд нест.

Ҳайрати ман аз ин аст, ки чӣ тавр ин нафарон хешро тоҷик гуфта истода, барои халалдор сохтани суботи кишвар талош меварзанд? Магар замоне, ки ҷаҳонро бемории сироятии Ковид-19 фаро гирифтааст ва ҷаҳониён талоши аз хатар эмин нигоҳ доштани оламро доранд Муҳаммадиқболи Садриддин барин нафарони «дилсӯзи ватан» дигар кор надоранд ба ҷуз иғвоангезӣ?

Аввалҳо ин гурӯҳ талоши дубора аланга додани оташи маҳалгароӣ дар кишварро доштанд ва ба ҳар найрангу восита мехостанд, ки миёни маҳалҳову манотиқи Тоҷикистон нофаҳмӣ ва душманиро бедор созанд, чун диданд, ки ин мақсадашон дар амал татбиқ намешавад ба доираи нақшаву иғвоҳои хеш ба ҳам душман кардани миллатҳои дӯсту бародарро ворид карданд. Яъне мехоҳанд, ки тоҷиконро бо дигар миллатҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ба муноқиша оранд. Магар маводи «Раҳмонов ба ӯзбекҳо пул намедиҳад» ҳамин мақсадро надорад?

Ман дар бораи бисёр нуктаҳое, ки дар ин мавод оварда шудааст ва ҳамагӣ тӯҳмату бӯҳтон нисбат ба мардуми Конибодоми бостон аст чизе гуфтан намехоҳам, зеро ба кӯдак ҳам маълуму равшан аст, ки ин ҳама иғвоангезии бемантиқ дар ҷои холист.

Аммо «ба мардуми ӯзбек пул намедиҳад гуфта» миёни сокинони Конибодом, ки аз нисф зиёд ӯзбекзабон мебошанд тухми низо пошидан камоли беинсофӣ ва футури инсонигарии хоинони ватан аст.

Мардуми тоҷику ӯзбек садсолаҳост, ки дар Конибодом паҳлӯ ба паҳлӯ дар канори ҳам шодиву ғами хешро қисмат мекунанд ва аслан ҳеҷ вақте «ту ӯзбеку ман тоҷик» нагуфтаанд.

Мо ин тӯҳмату бӯҳтонро ҳарфҳои ахмақона ва идаои пуч медонем, хоҳиш мекунем, худатон дар ободии кишвар саҳме надоред ақалан ба мо халал нарасонед то Тоҷикистони азиз ва Конибодоми бостонро обод, сарсабзу хуррам созем!

Мадина Ҳакимзода,

шаҳри Конибодом

Add comment


Security code
Refresh