ДАРБЕҲИ НОЧАСПОН

 

 

 

 (Посух ба маводи ғаразноки М.С.)

Паҳн намудани иттилооти беасосу бардурӯғ аз тариқи таҳқиру таҳвину тӯҳмат нисбат ба мақомоти давлатӣ шеваи асосии кори ватангумкардае чун Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки пайваста тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ чеҳраи зишту манфури худро ба намоиш мегузорад.

Мақолаи иғвогарона навиштаи ӯ «Нома аз Исфара: “Раҳмоналӣ Амирзода заминҳоро фурӯхту исфарагиҳоро “кидат” кард”-ро аз шабакаҳои иҷтимоӣ хондаву нафрати мо сокинони огоҳи шаҳри Исфара нисбати ӯ ва ҳамсафонаш беҳад зиёд гашт.

Аслан навиштаи ӯро «мақола» гуфтан ҳам ҷоиз нест, як номаи бесаводонаю подарҳаво ва бесарунӯге аст, ки ба қавле аз рӯи гуфти занакони лаби ҷӯ навишта шудааст.

Ӯ на сарчашмаи аниқ дораду на далели асосноку мушаххас. Ҳарчӣ ба даҳони бефарозеш омадааст, бо мақсади нопок рӯйи қоғаз овардааст.

Муҳаммадиқбол (садқаи ин ном шавад!) дар номааш овардааст: «Дар давраи шӯравӣ Исфара як шаҳри саноатӣ буд. Химзавод, ГМЗ - завод, заводи консерва, кони Шӯроб. Имрӯзҳо бо роҳи ғайриқонунӣ ва бо қарорҳои қалбакӣ заводҳои номбаршуда биноҳои маъмурӣ, замини онҳоро ба фурӯш гузоштаанд. Ҳар як сотих ба миқдори 5000 то 8000 доллар фурӯхта истоданд .Оё дар асоси қонунҳои Тоҷикистон мумкин аст заводи калони кимиёвиро тикаву пора карда ба замини назди ҳавлигӣ дод?»

 Рӯят сиёҳ бо ин дурӯғпароканиҳоят Муҳаммадиқбол!

Наход фаҳми ту гусола нарасад, ки Химзаводи гуфтаат –ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» иншооти муҳими стратегӣ маҳсуб меёбад ва молу мулку амволи он дахлнопазир аст?!

Кадом ахмақу бефаҳми дигар ба ту гуфта, ки заводи калони кимиёвиро тикаву пора карда ба замини назди ҳавлигӣ дод?

Ва ё корхонаи азими саноатии ГМЗ – ҶС «Тамохуш-ЗГМИ» низ корхонаи давлатӣ асту бо вуҷуди коҳиш ёфтани фаъолияташ пойгоҳи моддию техникии он беосеб нигаҳдорӣ шудааст?

Муҳаммадиқбол дар ин сиёҳномааш оиди бунёди Варзишгоҳи марказии шаҳри Исфара низ бо фактҳои ҳавоиаш қайд намудааст, ки «Гӯё ин майдони варзиширо бо маблағи бюҷет обод карда бошад: 3 миллион сомонӣ. Ин ҳаҷми маблағро президент ба ҳангоми лентабурӣ гуфт. Аммо савол ин аст ки ин 3 миллион сомонӣ ба кисаи кӣ рафта бошад».

Ин рақам аз куҷост, Муҳаммадиқболи рӯсиёҳ?

Агар ту навори ифтитоҳи варзишгоҳ ва суханронии Президенти мамлакатро тамошо мекардӣ ва гӯши аз ифлосиҳо пуршудаатро шустаю тоза карда бо таваҷҷӯҳ гӯш мекардӣ, мешунидӣ ки ин иншооти муҳташами варзишии дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст на бо 3 миллион, балки бо харҷи беш аз 21 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ, саҳмгузории ҷомеаҳои меҳнатӣ ва соҳибкорони саховатпеша бунёд гардидааст.

Аблаҳона менависӣ, ки «Ин майдони варзишӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Як ҳафта қабл аз омадани Раҳмон қисми он фуру рафт ва дунафар зери битон монда мурданд»?!

Ин гап аз куҷост?

Кӣ мурд?!

Гусолафарзанди падарат?

Ҳол он, ки ҷароҳат бардоштан як тараф истад, дар раванди сохтмони иншоот ҳатто ба пойи касе хоре нахалидааст!!

 Ҳарзагӯиҳои Муҳммадиқбол то ба ҷое расидааст, ки мегӯяд: «Барои сохтмони он милисаҳо аз мардикорбозор одамҳоро зада-зад оварда бепул кор мефармуданд. Дар кӯчаҳои шаҳр рейд гузаронида ҳар касе ба чангашон мехӯрд оварда маҷбурӣ кор мефармуданд, бе пул….»

Ҷавоб ба ин ҳарзагуфтори аблаҳонаи ӯ ин аст, ки НОМАЪҚУЛ КАРДӢ!!!

Дигаре аз ҳазёнгуфторҳои ин рӯсиёҳ бобати бунёди канали обрасон ба мавзеъи навбунёди Моҳпарӣ аст.

Бедалеливу беасосии гуфтори Муҳаммадиқбол дар ин аст, ки ӯ аввалан дарозои каналро 30 км навиштааст. Ҳол он, ки дарозии умумии ин канали обёрӣ 9 км буда, 5 км аввали он замони шӯравӣ дар давоми 5 сол омода гардида буд ва беш аз 4 километри ин канал дар замони сарварии Раҳмоналӣ Амирзода дар давоми 2 моҳ бе харҷи маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби мардум ба тариқи ҳашар канда шуд, ки аз нерӯи бузурги созандагӣ ва ободкории мардуми Исфара шаҳодат медиҳад

Ҳарзагӯйии Муҳаммадиқбол то ҷоест, ки бешармона афсонабозӣ мекунад, ки гӯиё Президент ду дарғотро кушода дод ва оби канал роҳро канда вайрон кард. Ҳол он, ки канали обёрии мазкур 2 дарғот надошт ва надорад ва оби канал роҳи навбунёдро низ вайрон накардааст, балки ба дасти асрҳои аср ташналаб ҷорӣ гардида буд!

Ҳамин зайл, Муҳаммадиқболи беимон (Дурӯғ торикии имон аст!) дар ин номаи муғризона ва бадхоҳона навиштааш кӯшиш кардааст, ки дарбеҳҳои ночаспонеро ба пироҳани поки Исфараи хушманзар ва мардуми озодаю ободкори он часпонад.

Аммо, ба мақсади нопоки худ нарасидааст ва ҳеҷ гоҳе нахоҳад расид, зеро мардуми Исфара воқеиятро хуб медонанд, аз асли воқеаву рӯйдодҳо огаҳ ҳастанд ва дар ду дунё ба афсонаҳои Муҳаммадиқбол бовар нахоҳанд кард.

Аз ҳама муҳимаш Муҳаммадиқболу ҳамсафони сияҳдилаш фаромӯш кардаанд, ки бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад!

Мансур Қудратов,

сокини шаҳри Исфара

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh