БИСӮЗЕДУ БИМИРЕД, ЭЙ ХОИНОНИ МИЛЛАТ!

(Вокуниш ба бофтаҳои муғризонаи Муҳаммадиқболи Садридин)

Муҳаммадиқболи Садридин, ки бо лақаби “Гусола” ҳамчун яке аз иғвогарони машҳури ТТЭ ҲНИ дар сомонаҳо пайдо шудааст, ғайр аз тӯҳмату иғвогарӣ ва буҳтон ба фарзандони фарзонаи миллат дигар ҳунаре надорад. Бештар аз номи дигарон ҳарф мезанад. Ҳанӯз ҳаммаслакону ҳамҳизбони мамнӯъгаштаи лаинаш, агар ба ӯ як сухан гуфта монанд ӯ аз пашша фил сохта, чунон ҳангома мебофад, ки гӯё дунё дар оташ қарор гирифта истода бошад.

Дурӯғу буҳтони навбатиаш ба унвони нома аз Исфара “Раҳмоналӣ Амирзода заминҳоро фурӯхту исфарагиҳоро “кидат” кард” ба ягон ҳақиқат рост намеояд. Собиқ раиси шаҳри Исфара Раҳмоналӣ Амирзода инсони поксиришту ватандӯст ва ҳамеша дар хизмати халқ аст. Яке аз роҳбарони оқилу кордон тавонову ташаббускори кишвар аст.

Аз аввалин рӯзҳои фаъолияти меҳнатиаш танҳо ба як мақсад, хизмати софдилона ба халқу Ватан ва миллат камари ҳиммат баста, ба дилу дидаи сокинони кишвар маъво гирифтааст. Дар ситоиши хислатҳои неку хотирмонаш ҳам дар шаҳрҳои Исфараву ҳам дар Хуҷанд, ҳам дар Мӯъминободу ҳам дар Душанбе, ҳам дар Ваҳдату ҳам дар Кӯлоб мардум бо ифтихор сухан мегӯянд. Дар урфият беҳуда нагуфтаанд “Аз нек боғ-аз бад доғ” мемонад.

Боғи бунёдкориву созандагӣ инсонпарвариву одамияте, ки ин фарзанди арзандаи миллат поягузорӣ кардааст, боиси омӯзиш, пайравӣ ва дастгирӣ аст.

Дар сӯҳбате бо қирғизҳо шоҳид будам. Вақте раиси ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон изҳор кард, ки муҳтарам Раҳмоналӣ: “Ба ту чӣ зарурат аст, ки ин қадар Исфараро дастгирӣ ва нисбати марзаш дилсӯзӣ дорӣ? Имрӯз не пагоҳ аз Исфара меравӣ. Биё инқадар нисбати марз талош наварз, бо мо бош. Бузу гусфанд, гову гусола аз мост. Чӣ хизмат дорӣ мо иҷро мекунем”.

Раҳмоналӣ Амирзода ба сӯи ҳамсуҳбаташ бо теғи нигоҳи хеле ҷиддиву тоҷикона нигариста гуфт: “Барои ман ҳар як гӯшаи Тоҷикистон Ватан аст. Марзу буми он ифтихори ман ва ҳамчун шаҳрванд ҳимояи он вазифаи муқаддасам аст!”

Раҳмоналӣ Амирзода баҳри ҳалли мушкилоти марзии Исфара бо ҳамсоякишвар аз нигоҳи одилона ва серталабӣ ва ҳақиқаҷӯи амал карда, ба гулӯи роҳбарони ҳамсоякишвар устухоне гашта буд. Раҳмоналӣ Амирзода дар кутоҳтарин муҳлат рушду нумӯи Исфара саҳми шоистаи хешро гузошт. Маҳз, бо иқдому ҷасорати Ӯ заминҳои рӯ ба рӯи мақомот, ки ба участкаи наздиҳавлигӣ ноодилона тақсим шуда буд, аз талаву тороҷ нигоҳ дошта шуда, ба як гулбоғи замонавӣ ва дар шафати он 4 бинои баландошёнаи замонавӣ бунёд гардиданд.

Маҳз, бо ташаббусҳои созандаи Ӯ дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ, Сурх, Шаҳрак, Навгилем майдонҳои варзишии замонавӣ ва дар маркази шаҳр варзишгоҳи марказӣ таъмиру тармим ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмиллал табдил дода шуданд.

Сокинони ҷамоатҳои наздисарҳадӣ баъди солҳои тӯлонӣ бо мақсади пешгирии азхудкунии заминҳои ноҳия аз ҷониби ҳамсоякишварҳо бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд.

Гурезагони беватан, хоинони миллат, ки атрофи ТТЭ ҲНИ муттаҳид шудаанд, дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҳама василаҳо, бахусус, тӯҳмату буҳтон ва ба ҳар роҳ таъсир расонидан ба афкори мардум дар маъракаҳои сиёсии кишвар саъю талош доранд. Вале кӯшиши онҳо мисли Муҳаммадиқболи Садридин беҳудаву пуч буда, ба касе асар нахоҳад кард, зеро умри дурӯғ ва тӯҳмат кутоҳ аст. Ҳарчанд саги девона аккос мезанад, ба корвони сулҳу ваҳдат ободкориву созандагӣ асаре нахоҳад кард. Корвони дурахшони бунёди давлати миллӣ бо иқдомоти фарзандони накӯноми миллат равон асту равон.

Аз дурахши нуру таровати шукуфоии Тоҷикистон бисӯзеду бимиред эй хоинони миллат!

Аҳмадов Сарвар,

раиси ҷамоати деҳоти Сухи шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh