Муши обзада дар хориҷи кишвар

Дар маҷмуъ, нуқтаҳое, ки роҳбари наҳзатиён Кабирӣ дар мусоҳибаи худ бо сомонаи «Platon Asia» нашр шудааст, ҳамагӣ беасос ва муғризонаанд. Ӯ ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон кина ва рашк дорад.

Рашк ва кинаи ӯ аз он аст, ки халқ ва миллати тоҷик тарзи тафаккури харобиовари наҳзатро напазируфт ва новобаста аз заҳмату талоши зиёд миёни ҷомеаи тоҷик маҳбубият пайдо накард. Барои чӣ? Барои он ки Кабирӣ ва фирориёни наҳзатӣ пуштибони мардумӣ надоранд ва то он замоне, ки тоҷик огоҳ аст, ин тоифа бар миллати азияткашидаи мо тасаллут пайдо нахоҳанд кард. Ин тоифа мисли ғулҳоеанд, ки ҳадафашон танҳо хӯрдану чаридану ошомидан аст.

Бо назардошти муҳтавиёт хиёнат ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешавад: хиёнат ба Ватан, хиёнат ба миллат, хиёнат  ба мардум, хиёнат ба хонавода ва ғайра. Хати меҳварии хиёнат ҳамон кори субъективии нодуруст, беинсофона, бешарафона ва ноҷавонмардона, бадбинона, бадкирдорона, худхоҳона, мутаккабирона, барқасдона, кинаварзона  нисбат ба объект  – муҳит ва фазои иҷтимоӣ, ки дар он, албатта, инсонҳо ба сар мебаранд, мебошад. Фаразан, агар шахс ба хонавода ва муқаддасоти хонаводагӣ хиёнат кунад, ба хиёнате, ки як шахс ё гурӯҳи муайян дар баробари давлат, миллат, халқ ва Ватан анҷом медиҳад, баробар аст. Бинобар ин, хиёнат дар ҳар шакле омили бесуботӣ, нооромӣ, ноамнӣ, нотифоқӣ, парешонӣ, сардаргумӣ, бунбастӣ, яъсу ноумедӣ, худфиребӣ, хушкбоварӣ ва хушкандешӣ мегардад.

Бо дарназардошти шароит ва вазъияти фикрӣ, фарҳангӣ, фаннӣ, сиёсӣ ва тамаддунӣ, технологияи хиёнатпешагӣ тағйир меёбад ва дар ин раванд аз васоити наву ҷадид корбаст мешавад.  Дар садади сохтани давлати миллӣ ба халқу ватани мо хиёнатҳои зиёде раво дида шуд, ки дар ин зумра метавон хиёнати генерал Ҳалим Назарзода ва раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабириро ном бурд. Амалиёти хиёнаткоронаи моҳи  сентябри соли 2015 нишон дод, ки моҳияти хиёнат дигар нашудааст, балки технологияи он сифатан тағйир ёфтааст.

Истифодаи аслиҳаву муҳимоти пешрафтаи ҷангӣ, суистифода аз бовармандӣ ва эътиқодоти мардумӣ, нохун задан ба торҳои эҳсоси омма, ба моҷаро даргир кардани гурӯҳҳои гуногун, таҳти фишори равонӣ ва иқтисодӣ қарор додани табақаҳои осебпазири иҷтимоӣ, харидани расонаҳои хабарию гурӯҳӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъол сохтани онҳо дар қиболи мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ба чеҳраҳои хабарсоз бадал кардани шахсиятҳои хиёнаткор ва амсоли инҳо ба унвони абзор ё услубҳои наву замонавӣ дар бозиҳои имрӯзаи геосиёсӣ истифода мешаванд.

Дар кишварҳои мусулмоннишин, аз  ҷумла Тоҷикистон, ба хиёнат даст задани онҳое, ки  зери таъсири таассуби динӣ ва ифротгароӣ қарор доранд, эҳтимоли бештар дорад. Чунин ашхос, ки аслан тангназару мутаассибанд, арзишҳои мазҳабиро ҳатман аз арзишҳои инсонӣ, садоқат ба Ватан, меҳри диёр боло мегузоранд. Дар онҳо хусусияти манқуртӣ ҷой дошта, барои иҷрои амалҳое, ки аз нуқтаи назари худ дуруст мешуморанд ва ё супориши «хоҷагонашон» мебошад, аз ягон кори манфур, аз    ҷумла хиёнат рӯ намегардонанд. Мисоли равшани чунин ҳолат хиёнати Гулмурод Ҳалимов мебошад, ки бо вуҷуди корманди масъули сохтори қудратии кишвар буд.

Яке аз омилҳои дигаре, ки метавонад дар даст задан ба хиёнат таъсиргузор бошад, масъалаи моддӣ аст. Дар ин маврид хиёнаткор, ки аз ҷиҳати моддӣ ба ягон гурӯҳи иртиҷоию душмане  ва ё кишвари дигаре вобастагӣ  дорад, ҳатман ба манфиати онҳо метавонад бар зидди Ватани худ даст ба хиёнат занад. Мисоли чунин хиёнаткорӣ амали Назарзода буд, ки бо супориши наҳзату Кабирӣ сар зад.

Дар тахайюлоти ифротии худ ғӯта зада, наҳзатиҳо дарк намекунанд, ки ба деги душман равған мерезанд ва иқтидори хориҷиҳоро боло мебаранд, ки ин падидаро дар истилоҳоти сиёсӣ – «Хиёнати миллӣ» мегӯянд. Маҳз дар филми мустанади “Хиёнат” чеҳраи манфури душманони миллат рӯшан нишон дода шудааст.

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти

 кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh