КАФИЛИ РӮЗГОРИ ПУРСАОДАТ

- Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки тибқи он рӯзи якшанбеи санаи 11 - октябри соли 2020 Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт. Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд, - иброз дошт раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода.

Дар ин раванд, вобаста ба ин маъракаи муҳим дар 97 ташкилоти ибтидоӣ ҷамъомад доир гардид, ки яке аз масъалаҳои он интихоби вакил ба Конференсияи ноҳиявӣ буд. Ҳамчунин, дар назди кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ситоди пешазинтихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, 31 нафар аъзои ситод интихоб гардиданд.

Бо мақсади тарғиби барномаҳои пешазинтихоботӣ ва саҳмгузорӣ дар маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳисоби собиқадорон, зиёиён, занону ҷавонон гурӯҳи тарғиботиву ташвиқотӣ ташкил шуда, корҳои тарғиботӣ бомаром идома дорад. Таъсиси гурӯҳи ташаббускор бошад, баҳри тарғиби ғояҳои ватандӯстию хештаншиносӣ, худогоҳиву ифтихори миллӣ саъю талош доранд. Вобаста ба ин санаи 19-уми августи соли 2020 дар толори Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов Конференсияи ХХХ ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки 70 нафар вакил, раисони ҷамоатҳо, фаъолон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид.

Роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳия Алиҷон Зоидов, муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳия Насимҷон Муродов, муовини раиси ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказӣ Аббос Асаддулоев, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҶСК Ӯрунхӯҷаев Азамат Қодиров дар музокира оид ба фаъолияти ташкилоти ҳизбии худ ва омодагии ҷиддӣ ба интихоботи Президентӣ андешаҳои хешро баён намуданд.

Баъдан, муовини раиси КИВ ҲХДТ Аминҷон Шарифзода, муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода оид ба роҳҳои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус, тайёрӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд. Қайд гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо истифода аз имконият сафи гурӯҳҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ аз ҳисоби ҷавонон, собиқадорон ва аъзои фаъоли ҳизб зиёд гардад.

Иштирок дар интихобот ва овоздиҳӣ ба номзади арзанда ин саҳмгузорӣ дар ободии кишвар, пурфайзии дастархони мардум, бунёди ҷомеаи солим ва пешрафти халқи тамаддунофари тоҷик хоҳад гашт, зеро ин маъракаи муҳим кафили рӯзгори пурсаодати мардум хоҳад шуд, - гуфт Амирҷон Анварзода.

Шоира САЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh