БА ОЯНДАИ КИШВАРИ ХУД БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Дар маъракаи муҳими сиёсӣ ҳар шаҳрванди ишвар, ки ба ояндаи мамлакати худ бетафовут нест, бояд ширкат варзад.

Дар ин радиф дар қатори дигар манотиқи кишварамон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят низ омодагиҳо дар сатҳи баланд ҷараён доранд.

Тавре мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Мэлс иброз дошт, алҳол вобаста ба тарғибу ташвиқи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр, ҳудуди 1 ҳавза ва 18 участкаи интихоботӣ шиору овезаҳо насб карда шудаанд.

Тариқи радиоузели шаҳрӣ ҳамарӯза баргузории интихобот, тариқи овоздиҳӣ, киҳо доштани ҳуқуқи овоздиҳӣ ва дигарҳо ба аҳолӣ фаҳмонида мешавад.

Инчунин, бо воситаи баландгӯяк кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ низ ба аҳолӣ тарғиботу ташвиқот бурда истодаанд.

Дирӯз вобаста ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Палос вохӯрии дастурдиҳӣ бо тарғибгарони маҳаллӣ ва фаъолон баргузор гардид. Омодагӣ ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар шаҳр идома доранд.

Рафоат МӮЪМИНОВА

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh