Деваштич: Таъсиси 70 участкаи интихоботӣ

Дар ноҳияи Деваштич барои дар сатҳи баланд доир намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ як зумра корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба роҳ монда шуда, тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегарданд.

Тибқи иттилои Тӯйчибой Маҳкамов - раиси ҳавзаи интихоботии Деваштич – 37, дар ноҳия як ҳавза ва 70 участкаи интихоботӣ ташкил шудааст, ки дар он 102564 нафар овоздиҳанда раъйи худро хоҳанд дод. Дар ҳамаи участкаҳо шиору овезаҳои тарғибкунандаи интихобот насб гардонида шудааст, ки сокинонро водор месозад, то дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бетараф набошанд, саҳми арзандаи худро дар пешрафту шукуфоии кишвари азиз гузоранд. Зеро овози ҳар як сокинони кишвар дар интихоботи дарпешистода ҳалкунанда аст.

Ҳамчунин, семинари омӯзишию дастурдиҳӣ дар байни раисон ва котиботи участкаҳои интихоботӣ баргузор гардид. Аз ҷониби дигар шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯриҳо бо аҳолӣ баргузор шуда истодааст, ки ҳадафи он саҳм гузоштан дар интихобот мебошад.

Истамҷони Наҷмиддин,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh