Бо ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносӣ

Баргузор шудани интихоботи президентӣ дар кишвари мо марҳалаи нав дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аст. Ҳанӯз дар Анҷумани ХIII ҲХДТ санадҳои мушаххаси қарордоди қонунии вобаста ба ин воқеаи мубрами сиёсӣ, вақту муҳлати баргузории интихоби қарибулвуқӯи Президенти Тоҷикистон аниқ гардида, масъалаи интихоботи соли 2020 аз масъалаҳои афзалиятдори сиёсати кишвари мо эълом шуда буд. Маҳз, он вақт ҲХДТ ҳамчун ниҳоди сиёсӣ вазифаашро барои дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор шудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ иҷро карда буд.

Мавқеи сиёсии ҲХДТ барои баргузор кардани интихоби президентӣ дар Тоҷикистон аз аввал равшан буд. Он ҳамчун як ниҳоди босалоҳияти сиёсӣ ва, гузашта аз ин, чун як институти сиёсии ҷомеа талош карда буд, ки интихобот дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронида шавад. Вобаста ба ин дар чунин шароит барои таъмин кардани ниёзу талаби халқ, беҳдошти шароити зиндагӣ, ба эътидол овардани нарху наво, дар сатҳи назаррас таъмин кардани барқу гармӣ барномаҳои мушаххас андешид. Аз назари ҳизби мазкур, маъракаи интихобот ба ҳаллу фасли як силсила масъалаҳои мураккаби ҷомеа ва расидан ба зиндагии шоиста роҳ кушода хоҳад дод.

Дар кишвар маъракаи интихоботӣ бо риояи пурра ва ба роҳ мондани принсипҳои демократӣ, меъёрҳои қонунгузории дахлдор доир мегардад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки ба таври шаффофу воқеъбинона ва дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ доир гардидани он саъю кӯшиш намояд. Интихобот бо иштироки озоду баробари шаҳрвандон сурат гирифта, дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ нақши муҳим дорад.

Ба фикри мо, ҷавонон, ҳамфикрию ҳамбастагӣ бо намояндагони ҳизбу ҳаракатҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мардуми кишвар замина фароҳам меоварад, ки интихобот ба як маъракаи муҳиму баландмазмун ва муташаккили мардумӣ табдил меёбад. Бо ин амр ҳам мо ба ҷаҳониён фарҳангу маданиятамонро дар пешбурди сиёсати сулҳовару ваҳдатсаро бори дигар намоиш медиҳем.

Фотима АЪЗАМОВА,

донишҷӯи факултети забонҳои шарқи

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh