Овозаҳои бардурӯғи мухолифин!

Ояндаи кишвар, пешрафти мамлакат, пойдевории давлат ва шукуфоии сарзамини аҷдодӣ ба нерӯ, ақлу заковат, муҳаббати ҷавонон ба халқу Ватан иртиботи ногусастанӣ дорад. Он миллате босаодат ва пирӯз аст, ки сарвараш оқилу хирадманд ва тӯдакашу соҳибфазилат бошад.

Татбиқи се ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва эълон шудани ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати мамлакат вазъи иҷтисодиву иҷтимоии кишварро куллан дигар намуд. Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар кори баланд бардоштани сатҳи донишу огоҳии ҷомеаи шаҳрвандӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба захираҳои об мусоидати хуб мекунад.

Махсусан эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои боз ҳам ободу зебо гардидани диёри офтобию зебои кишварамон такони ҷиддие мебахшад.

Имрӯз осоишгоҳҳо, мавзеъҳои таърихӣ бо тарҳи ҷадид азнавсозӣ мешаванд. Имрӯз якдиливу ваҳдат, дӯстиву бародарии байни минтақаҳо пойдор буда, сокинон бо рӯҳияи болидаву хотири ҷамъ дар фазои ободу озод кору зиндагӣ доранд. Ин нишони саодати миллат аст ва аз ҳар як шаҳрванди бонангу ори кишвар тақозо мекунад, ки ба хотири боз ҳам ободу шукуфоии диёр дар доираи 1300 рӯзи бунёдкорӣ ва созандагӣ саҳме дар пешрафти меҳнати худ гузорад.

Дар пеш маъракаи интихоботӣ аст, ягон гуфтаҳо ва навиштаҳои гурӯҳҳои мухолифин зери роҳбарии Паймони миллии Тоҷикистон садди роҳи ин маъракаи муҳим шуда наметавонад ва халқи гавҳаршинос худ медонад ба кадоме аз номзадҳои арзанда овоз диҳад.

Муҳиддинов М. –дотсенти кафедраи
маркетинг агробизнеси ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh