Нақши иттилооти муғризона дар густариши экстремизм ва терроризм

Муҳаққиқони одамони қадимро “одамони саҳроӣ” номидаанд ва дертар онҳо ба “одамони соҳибақл” мубаддал гаштанд.

Одами замони муосирро “одами ахборот” ва ё худ “одами иттилоот”ном мебаранд. Тазйиқи иттилооте, ки ояндаро ба нақша гирифта, мақсади амиқеро ба назар дошта, дар шакли “маданияти оммавӣ” имрӯзҳо паҳн мегардад, ҳар гуна махсусиятро инкор карда, бе ягон зӯрӣ тафаккурро дар як қолаб ҷойгир мекунад, ба воқеоту ҳаводиси атрофу ҳастӣ беэътиборона муносибат доштанро тарғиб карда, психологияи пасмондагӣ ва истеъмолкунандагиро ташаккул дода истодааст. Дар натиҷа, дунёи имрӯз парвардаи “одами маст” буда, чашмгуруснагӣ, ҳарисӣ, исрофкориро “мехоҳад”. Дармуносибати байниҳамдигарии инсонҳо ҳисси адоват ва нафрат қувват ёфта, дар ҳамаи гӯшаи дунё нооромӣ ва балвову ҷангҳо ва задухӯрдҳо идома доранд. Пахши ахбор агардирӯз бо мақсади тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, маҳсулоти тиҷоратӣ, дастоварду пирӯзиҳо, ихтироъкориҳои инсон ва зебоиҳои табиат ба роҳ монда шуда бошад, имрӯз илова бар ин иттилоот як аслиҳаи муассири гурӯҳҳои манфиатхоҳ, аз қабили созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ шудааст. Иттилооти имрӯз метавонад ба мақсадҳои ғаразнок, аз ҷумла пайдо кардани адовату нафрат ва низоъ байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, тоифаҳои одамон, миллатҳо, гурӯҳҳои динӣ тарҳрезӣ гардида, барои расидан ба мақсади ниҳоии созмонҳои манфиатхоҳ:барҳам арзишҳои милливу маънавӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки ахбор дар асри XXI ба аслиҳаи мафкуравӣ табдил ёфтааст. Ин ҷиҳати шаклгирӣ, яъне ҳамин ахбор як навъ восита дар ташаккули экстремизми динӣ мусоидат карда истодааст. Бояд гуфт, ки мақсади аслии терроризм дар аҳолӣ ҳисси ваҳм ва тарсро бедор кардан ва дар байни ҷомеа нооромиҳоро ба вуҷуд овардан, ҳокимиятро соҳибӣ кардан, арзишҳои динӣ ва афкори анъанавии ҷомеаро рад кардан, бо роҳи фиребу зӯрӣ тарғиб кардани ғояҳои бегона ва ғайра мебошад. Аммо ҳаминро ҳам гуфтан ҷоиз аст, ки ҳар террорист пеш аз он ки террорист гардад, тундгаро – экстремист мешавад. Функсияҳои татбиқи экстремизми диниро шартан ба 3 гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Ба гурӯҳи аввал ташкилотҳое шомиланд, ки вазифаи асосии онҳо гӯё ки одамонро “исломӣ” менамоянд ва аз “даъват ба тақво” иборат мебошад. Ба қатори ин гурӯҳҳо ҳаракати эктремистӣ- террористии бо ном “Давлати Исломӣ”, “ТТЭ ҲНИ” ва амсоли инҳоро ворид кардан мумкин аст. Ба гурӯҳи дуввум ташкилотҳое дохиланд, ки “кадр”-ҳоро барои дар шуури одамон ғояҳои мутаассибиро ҷойгир кунонидан, ба ғояи муайян тобеъ кунонидан, машғул мегарданд. Ба қатори ин гурӯҳ ташкилоти динӣ-экстремистиеро ба монанди “Ҳизби таҳрир”, “Бародарони мусалмон”, “ТТЭ ҲНИ” ва ғайра ворид кардан мумкин аст. Ба гурӯҳи сеюм ҳаракати мансубият доранд, ки бе ҳеҷ асос диёри мусулмононро “куфр” эълон карда, тавассути аз ватан ба ҳиҷрат раҳнамун карданҳо ба ҳар гуна оташи низоъву фитна ҷалб мекунанд. Аслиҳа ба даст гирифта, вакилони аҳолии осоишта ва намояндагони динҳои дигарро ба қатл расонида, дар минтақаҳо оташи ҷангро аланга мезанонанд.

Мафҳуми ҷиҳодро нодуруст тарғиб карда, ҷавононро барои қатлу куштор даъват менамоянд. Мувофиқ ба таҳлили мутахассисон, ”даъват”-ҳои аз ҷониби экстримистони замонавӣ садо дода, дар ҳолати эътибори ҷиддӣ додан ба сарчашмаҳои психологияи иҷтимоӣ мунтаззам коркард шудааст. Онҳо дар пешбарии ғояҳои ғаразнокашон аз услубҳои зерин истифода кардаанд: Якум, дар номгузории ташкилотҳои экстримистии динӣ мақсадҳои пурғаразу чеҳраҳои манфури онҳо зери ниқоб ҳувайдо аст. Фаъолияти иттиҳодияҳои экстримистӣ террористии “Ҳизби наҳзати исломӣ”, “Ҳизби таҳрир ал-исломӣ” (Ҳизби озодии ислом), ”Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” (алҳол “Ҳаракати исломии Туркистон”), ”Лашкари ислом”, ва монанди инҳо дар Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки экстремистону террористон ба мақсади таассуроти мусбати мусулмононро нисбати худ афзудан ба истилоҳҳои (ислом, тавба, адолат ва ғайра) исломӣ эътибори калон дода, онҳоро устокорона истифода мебаранд. Дуввум, ташкилотҳои экстремистии динӣ оятҳои Қуръони карим, ҳадисҳои шарифро дар роҳи манфиати худ, бо вайрон кардани маъно тарғиб мекунанд. Саввум, фаъолони ҳаракати экстремистии динӣ бо мақсади моил кардани аъзоёни нав, ба бузургвории раҳнамоёнашон эътибори алоҳида медиҳанд. Масалан, шахсияти раҳнамои ташкилоти динӣ – экстремистии “Бародарони мусулмон” Ҳасан ал-Банно “ТТЭ ҲНИ” Муҳиддин Кабирӣ, ”Давлати Исломӣ” Абӯбакр ал-Бағдодӣ, Саид Қутб бошад, ”Мусулмони беҳтарин”, асосгузори ташкилоти “Нурсиён” Саид Нурсӣ “Бадеъуззамон” (“Беназири замон”) ҳамчун шахсияти бузург, муаррифӣ мешаванд. Чаҳорум, ҳаракатҳои экстремистии динӣ ба бузургвор нишон додани раҳнамоёнашон, ба осмони ҳафтум баровардани онҳо кифоят накарда, балки ба беназирии “асар”-ҳои ғояҳои экстремистии диниро фарогирандаашон ҳам эътибориҷиддӣ медиҳанд. Ҳатто онҳо ба нишон додани бузургии “асар”-ҳояшон ҳаракат карда, онҳоро чун Қуръони карим ва аҳодиси шариф медонанд. Алоҳида таъкид кардан зарур аст, ки имрӯзҳо равияҳои динӣ ва гурӯҳҳои алоҳида, барои паҳни кайфияти норизоӣ дар ҷомеа зӯр зада, ҳангоми сӯҳбатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ зимни тарғиби ғояҳояшон кӯшиш доранд дар тасаввуроти ҷавонон мафҳумҳои “диёри куфр”, ”ҳиҷрат”, ”ҷиҳод”, ”шаҳидӣ”, ”тазоҳуроту гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ”-ро мустаҳкам намуда, онҳоро ба гирдоби низоъву задухӯрд гирифтор кунанд.

Масалан Роҳбарияти ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ имрӯзҳо мунтазам тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ (фейсбук, инстаграм ва ютуб) баромад намуда, аз усулҳои дар боло оварда шуда истифода менамоянд. Ҳукумати мамлакатро дар фишороварӣ нисбати дин гунаҳкор намуда мардумро ба гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ даъват менамоянд. Ҳол он, кӣ имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон тамоми рукнҳои диниро бе ягон мамоният иҷро карда истодаанд. Дар ислом ба ҳеҷ мусулмон ҳуқуқи мусулмони дигарро ба “кофирӣ “ айбдор кардан дода нашудааст. Чунки ҳиссиётҳое, ки аз қалби инсон мегузарад ба ҷузъ Худо барои касе аён нест. Ибни Наҷим мегӯяд: ”Агар дар ин масъала барои кофир номидан 99-то далел бошад, 99 далелро як сӯ гузошта, ҳамон як далелро гирифтан лозим аст”. Аммо раҳнамоёни дар дин аз меъёр баромадаву аз худ рафтаиташкилотҳои экстремистиву террористӣ аз ҷумла ТТЭ ҲНИ дар ин масъала “ барои мӯъмин гуфтан 99-то далелро як сӯ гузошта, ҳамон як далелро гирифтан лозим”,-мегӯянду бо ҳамин ақидаашон барои ба қатл расонидани ҳазорҳо мусулмонон сабаб мешаванд. Далели ин гуфтаҳо гумроҳ кардани ҷавонони тоҷик ва ҳамроҳ намудан ба сафи ДИИШ, яъне равона намудан ба Сурияву Ироқ ва дигар давлатҳои ҷангзада. Сарҳад надоштани Шабакаҳои иҷтимоӣ, набудани илоҷи монеагӣ ба эфирҳои каналҳои фазовиро ба ҳисоб гирем, алҳол барои ҳифзи аҳолӣ лозим аст, то онҳо аз ғояҳои вайронкор заҳролуд нагарданд. Ба воситаи интернет ва ВАО ба гурӯҳҳои мазкур раддияҳо додан, таълимоти софи диниро ба ҷавонон расонидан, тарбия кардани онҳо дар рӯҳияи халқпарварӣ, ватанпарварӣ ва арзишҳои милливу динӣ ба аҳамияти калон соҳиб буданаш, баръало намоён аст. Ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои харакатери экстремистӣ-террористӣ дошта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандон ва хоссатан ҷавонони моро зарураст, ки: -ворид нашудан ба сайтҳое, ки рӯҳияи диниву экстремистӣ доранд ва аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сомонаҳои экстремистӣ ва террористӣ эълон карда шудаанд.

Аломатҳои ин гуна сайтҳо: дар материалҳои ҷойгиркунондашуда мавҷудияти даъват ба “ҳиҷрат” ва “ҷиҳод”, ҳукумати дунявӣ ва сохтори онро ба кофирӣ айбдор кардан, ҳаром эълон кардани идҳои мустақилӣ, Соли нав, Наврӯз, ҷашнгирии рӯзи таваллуд, мадҳи ҷангараҳои мамлакатҳои Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия ва монанди инҳо; -дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳои гуногун майл накардан ба мавзӯъҳои динӣ, дур будан аз мулоқоти шахсоне, ки саволҳои нозук дода, ба сӯҳбат даъват мекунанд, умуман алоқа накардан ба афроде, ки ҷамъияти дунявиро танқид карда, тарзи зисти диниро мутаассибона талкин мекунанд; -тавассути почтаҳои электронӣ ҷавоб нагардонидан ба шахсони номаълум, ки даъватҳои динӣ ва таклифҳо оиди шиносоӣ мекунанд; -дониставу надониста дар телефонҳои мобилӣ маърӯзаҳо, суратҳо, видеороликҳои мутаасибонаро ҳифз ва паҳн менамоянд. Бо дарназардошти ҳолатҳои болоӣ, ки ҷаҳон ҷаҳони иттилоот аст, ҳаминро гуфтан зарур аст, ки барои пешгирии роҳи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ маърифати истифода бурда тавонистани иттилоотро омӯзонидан лозим аст, зеро танҳо маърифатнокӣ ва илм метавонад, ки сипари воқеӣ ба экстремизм ва терроризм бошад.

Маҳмудов Маъруфҷон Қаюмҷонович, сармуаллими кафедраи
баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Add comment


Security code
Refresh