Фанои Ҳизби наҳзат

Дар расонаҳои ахборӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардид, ки ҷаҳониён бо сабабҳои гуногун қариб аз он огаҳӣ наёфтанд. Мӯҳтавои хабари расмии манбаъҳои номбурда дар он буд, ки бо сабаби бемории бардавоми “ватанфурӯшиву иғвоангезӣ” фавти Ҳизби наҳзати ислом аз ҷониби “табибон”-и хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар Аврупо, ки ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломи гурезаю мамнӯъ паноҳгоҳ ёфта буд, эълон карданд, ки ҷанозаи Ҳизби наҳзати исломро моҳи сентябри соли 2020 мехонанду ҳамаи ононе, ки ҳисси виҷдону ватанфурӯшӣ, иғвогарию дасисабозӣ, тӯҳматбофӣ ва разилиро соҳибанд, метавонанд дар ин ҷаноза иштирок намоянд.

Эҳтимол меравад, ки дуои ҷаноза аз ҷониби манфуртарин ва нобакортарин аъзои наҳзатиён Муҳиддин Кабирӣ хонда шавад. Нафароне, ки аз тоифаи номбурдаанд, дар ҷаноза метавонанд бидуни ниқобпӯшӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ иштирок намоянд. Зеро, онҳо ки олудаи палидӣ ва ифлосианд, ҳатто бемории COVID-19 аз онҳо меҳаросад. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки ба ин маъракаи таъзия ҳамаи аъзои созмони ғайрирасмии Паймони миллии Тоҷикистон хабар карда шаванд.

Хушбахтона, аз байни мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол нафарони каме пайдо мешаванд, ки орзуи иштирок дар ин ҷанозаро кунанд. Зеро, аксарияти мардуми кишвар аз палидиҳою иғвогариҳо, дасисаҳою бӯҳтонҳои наҳзатиён нисбати роҳбарияти олӣ ва кишвари зебоманзарашон дилзадаю безор шудаанд ва ҷанозаи ҳизби мамнӯи ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом барои хонадони фардони ватандӯсту бо ору номуси Тоҷикистон рӯзи хурсандист. Алалхусус, нафарони ҷангдида ва гумроҳшудаи ҷомеаи заҳматқарини Тоҷикистон аз ин хабар шоду хушҳоланд ва эътимоди комил доранд, ки минбаъд тавассути ин ҳодиса дар олам “хас каму ҷаҳон пок” мешавад.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар раванди таҷлилгирӣ аст, ҳамаи мардум сарҷамъона шукронаи даврони осудагӣ ва оромӣ мекунанд. Тоҷикистониён итминони комил доранд, ки файзу баракоти ҳаёти имрӯзаи баҳории кишвар бо муттаҳидӣ дар атрофи роҳбарияти олии кишварзиёда мегардаду дар оянда нафарони ватангадои сангпарто аз хориҷи кишвар фанои абадӣ меёбанд.

Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

Add comment


Security code
Refresh