Ҷашни ифтихору саодат

Имсол 29 сол мешавад, ки таҳти ливои Тоҷикистони соҳибистиқлол озодона нафас мекашему зиндагии осудаву обод дорем. Иди истиқлоли Ватан, ки мо имрӯз бо як ҷаҳон саодату ифтихор таҷлил мекунем, нафақат ҷашни бузурги сиёсии давлати тоҷикон, ҳамчунин тантанаи ваҳдати миллӣ, нишонаи садоқату шукрона ба Ватани ниёгон ва ҷашни меҳнати созанда ба хотири рушду нумӯи кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони азиз мебошад. Дар саросари кишвар омодагӣ ба ин ҷашни бузург ба марҳалаи нави таҳкими ваҳдат, густариши худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ватанпарастӣ табдил ёфт. Маорифчиёни вилоят низ дар радифи мардуми саодатманди кишвар ҷиҳати бо дастовезҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ сидқидилона саъю талош варзида, ба натиҷаҳои дилписанд сазовор гардиданд.

Вазифаи муҳимтарине, ки имрӯз дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди маорифчиён меистад, мунтазам баланд бардоштани сифати таълим мебошад. Дар ин самт меҳнати бурдборонаи аҳли маорифи вилоят самараи дилхоҳ ба бор меоранд. Ҳамин аст, ки моҳи марти соли равон Пешвои муаззами миллат дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Спитамен ба заҳмати аҳли маорифи вилоят, муносибати ҷиддиву эҷодкоронаи онҳо ва робитаи хуб бо падару модарон баҳои баланд дода, дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоятро дар олимпиадаву озмунҳои дохиливу байналмилалӣ алоҳида таъкид доштанд.

Инчунин, аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2018 - 2019 15 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилоят ба дарёфти медалҳои тиллою нуқра ва 6 нафар ба Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардиданд. Илова бар ин, соли панҷум аст, ки муаллимону мураббиёни навовару ташаббускори вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Муаллими сол” ва “Мураббияи сол” ғолиб меоянд.

Ҷашни Истиқлол иди хурду калон, пиру ҷавон, иди худшиносии миллат аст. Ҳамаи кормандони соҳаи маорифро бо фарорасии 29 - солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод мегӯям.

Осим КАРИМЗОДА,

сардори Раёсати маорифи

вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh