ЧАШМАСОР БА ИНТИХОБОТ ОМОДААСТ!

Тавре ба ҳамагон маълум аст Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон баргузории интихоботи президентиро санаи 11 - уми октябр эълон кард. Шурӯъ аз санаи 15 - уми сентябр номзадҳо ба мақоми президентӣ сабти ном шуданд ва номзадҳо барои таблиғи барномаҳои худ ҳудуди 25 рӯз мӯҳлат доранд.

Дар шаҳру навоҳии вилоят омодагӣ ба интихобот оғоз шудааст. Имрӯз дар ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракҳои шаҳру навоҳӣ ташкил ва омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? Барои ба ин суол посух дарёфтан ба яке аз Ҷамоатҳои деҳоти дурдасти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Чашмасор равон шудем.

Тавре раиси ҷамоат Нигора Исмонова иттилоъ дод шумораи аҳолӣ 12 ҳазору 300 нафар буда, 6062 нафар мард ва 6165 нафар зан мебошанд. Ҳамзамон дар ҷамоат 36 деҳаи хурду калон мавҷуд буда, даромади аҳолӣ бештар аз ҳисоби чорводорӣ, деҳқонӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ иборат аст.  

- Имрӯз дар ҷамоат барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии муҳими сиёсӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуда истодааст. Дар ҷамоат 5 участкаи интихоботӣ ташкил шудааст, ки ҳар кадоме онҳо бо лавозимотҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Шумораи умумии овоздиҳандагон 7357 нафар буда, нафароне, ки бори аввал овоз медиҳанд беш аз 100 нафар мебошанд. Аллакай барои овоздиҳандагон тамоми шароит муҳайё буда, маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ оғоз шудааст, - гуфт Нигора Исмонова.

Боиси қайд аст, ки 99,7 фисади аҳолии ҷамоат ӯзбек буда, танҳо 0,13 фисадаш тоҷик мебошад. Новобаста аз ин дар гӯшаву канори ҷамоат шиору овезаҳо оид ба баргузории интихоботи президентӣ бо забони тоҷикӣ насб шудааст.

Боиси қайд аст, ки дар участкаҳои интихоботӣ лавҳаи даромадгоҳ, овезаи гӯшаи интихоботӣ пурра дастрас ва насб шуда, дар участкаҳои интихоботӣ омодагиҳо ба интихобот бо ба роҳ мондани кабина, ташкили хонаҳои модару кӯдак, ёрии тиббӣ, утоқи кории комиссияи интихоботӣ, навиштаҷотҳо, пантусҳо, ҷевони оҳанин, нишонаҳои сари роҳӣ ва мизу курсӣ таъминанд.  

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд» 

Add comment


Security code
Refresh