ИНТИХОБИ НОМЗАДИ АРЗАНДА – КАФОЛАТИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР

Чуноне ки ҳамагон медонанд, тибқи қарори ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли равон, санаи 11-уми октябри соли 2020 интихоботи навбатии Президенти мамлакат баргузор мешавад. Алҳол, 5 номзади ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои дигари ҷамъиятии дар ҳудуди кишвар амалкунанда, тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", сабти ном карда шудаанд.

Дар Анҷумани ХIV ғайринавбатии ҲХДТ, ки санаи 3-юми сентябри соли равон баргузор гардид, номзадии Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз нав интихоб шудан ба ҳайси Президенти кишвар якдилона пешниҳод карда шуд.

Қаблан номзадии Эмомалӣ Раҳмонро барои интихоб гардидан ба ин мансаби воломақом анҷуманҳои Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ пешниҳод карда буданд, ки ин далели боварии қавии ҳизбу ҳаракатҳои фаъоли кишвар ба иродаи созандаи Президенти кунунии мамлакат буда, дар ҳақиқат, ин фарди ҷонфидои миллат номзади беҳтарину арзанда ба мансаби Президенти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Таърих гувоҳ аст, ки бо иқдомҳои дурандешонаи ин марди шариф Тоҷикистон аз вартаи нобудшавӣ наҷот дода шуда, агар беғазарона баҳо диҳем, давлати мо тӯли солҳои охир рӯ ба рушди босубот ниҳодааст.

Барои исботи ин гуфтаҳо ақидаҳои хешро мехоҳам, бо чанд шарҳу далелҳо иброз намоям.

Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи ХVl таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992) новобаста аз ниҳоят ҷавониашон (ҳамагӣ 40-сола буданд) ва вазъияти хеле шадиди буҳрони сиёсию иқтисодии кишвар зимоми идоракунии давлатро ба уҳда гирифта, ба вакилону иштирокчиёни иҷлосия ва мардуми Тоҷикистон қавл дода буданд, ки пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро қотеъона гирифта, ҳамаи гурезагонро ба Ватан бармегардонанд ва ин фарди дурандешу соҳибхирад ба қавли додаашон пурра вафо карданд.

Собиқ дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Кофе Аннан ин хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таъкид карда гуфтааст:

«Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат сабақи беназир дорад ва дар ин раванд, нақши Эмомалӣ Раҳмон калидӣ аст».

Дар тӯли ин солҳо бо заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат ва дастгирии мардум кишвари ҷангзадаи мо ба як минтақаи тинҷу ороми сайёра табдил ёфта, муаммоҳои мавҷудаи иқтисодию иҷтимоӣ зина ба зина ҳалли худро ёфта истодааст.

Ҷоизи зикр аст, ки дар муддати на чандон тӯлонии ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997) ба давлати тоҷикон хеле зарарҳои ҷиддии моддию маънавӣ расонида шуда, душманони миллати мо нақшаи аз харитаи сиёсӣ нест кардани Тоҷикистонро таҳрезӣ карда буданд, ки хушбахтона, қарори ниҳоят муҳиму таърихии вакилони Иҷлосияи ХVl Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ (Сардори давлат) интихоб намудани як чеҳраи нави сиёсӣ, шахси ватанпарасту роҳбари дар иҷрои қавлҳои додааш устувор, инсони мардумсолор, босабру таҳаммул ва шахсияти барои халқу миллаташ ҷонфидо, Президенти кунунии кишвар Эмомалӣ Раҳмон, барои то ба дараҷаи имрӯза дар арсаи ҷаҳонӣ мусбӣ муаррифӣ гардидани Тоҷикистони азизи мо, замина гузошт.

Дар тули ин солҳо Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки кулли мардуми кишварро баҳри тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар атрофи Ҳукумат сарҷамъ намуда, пас аз ба даст овардани оромии сиёсӣ ва ҷилавгирӣ намудан аз қонуншиканиҳои бесобиқа дар як қатор минтақаҳои кишвар бе истифодаи яроқҳои оташфишон ба ҳалли масъалаҳои рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат эътибори махсус дода шуда истодааст.

Дар бораи амалигардонии тадбирҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумат дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат муфассал маълумот дода мешавад ва дар Паёми навбатӣ Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба раванди иҷрои барномаи пешазинтихоботиашон дар давраи солҳои 2013 – 2020 ахбороти хеле ҷолибро пешниҳод карданд.

Қабл аз дар ин бобат овардани баъзе маълумотҳои оморӣ мехостам, таъкид намоям, ки ҷанги шаҳрвандии дар кишвари мо солҳои 90 – уми асри гузашта баамаломада ба иқтисодиёти давлати тоҷикон бештар аз 10 млрд. доллари ИМА зарари молиявӣ расонида буд.

 Рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистонро дар зарфи 29 соли охир ё худ танҳо 7 соли давраи интихоботи гузашта беғаразона таҳлил намоем, хуб дарк мекунем, ки тӯли ин солҳо таҳти Сарварии Эмомалӣ Раҳмон давлати мо ба дастовардҳои ниҳоят бузург ноил гардидааст.

 Масалан, соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7,5 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд.

 Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ то ба 78 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт.

 Дар ин давра, ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.

 Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард. Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил дода, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид.

 Сатҳи камбизоатӣ то ба 27,5 фоиз паст шуда, синни дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт. Ҳамзамон бо ин, тибқи таҳлилҳо, дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст.

 Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст.

 Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд.

 Рақамҳои зикргардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки барномаи дар соли 2013 пешниҳоднамудаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои 7 соли қаблӣ дар маҷмӯъ пурра иҷро гардидааст.

 Дар тӯли ин солҳо муносибатҳои хориҷии давлати мо аз рӯи принсипи «Сиёсати дарҳои кушод» бо тамоми давлатҳои наздику дур ба роҳ монда шуда, бо ташаббуси Пешвои миллат бисёр чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд ва дар ин бобат низ давлати тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ нек муаррифӣ шуда истодааст.

Ҳар як сокини кишвари мо огаҳӣ дорад, ки пас аз қабул гардидани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати саноатикунонии устувори иқтисодиёти кишвар, Сарвари давлат ба ҳар шаҳру ноҳияҳое, ки сафар намоянд, ба масъалаи рафти иҷрои барномаҳои таъсисдиҳии корхонаҳои саноатӣ бештар эътибор дода, дар маросими баистофодабарӣ додани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бевосита иштирок меварзанд.

Натиҷаи ҳамин буд, ки дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ рӯз ба рӯз афзуда истодааст ва ин тарзи корбарӣ дар ҳамаи сатҳҳои ҳокимият, бешубҳа, баҳри ҳарчи зудтар аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба давлати индустриалӣ-аграрӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

 Ҳамаи мо шоҳиди он будем, ки санаҳои 12-16 сентябри соли равон ҳангоми сафари кории хеш ба вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Панҷакенту Хуҷанд ва ноҳияҳои Айнӣ, Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов як қатор корхонаҳои саноатӣ, бинои мактабҳои замонавӣ, иншооти иҷтимоию фарҳангӣ ва маъмуриро ба истифода дода, дар чорабиниҳои ҷашни 5500 – солагии шаҳраки Саразм ширкат варзида, бо раванди корҳои ободонию созандагӣ, сатҳи зиндагии мардум ва рафти иҷрои дастуру супоришҳои қаблан додаашон дар маҳалҳо бевосита шинос шуданд.

Вале, новобаста аз комёбию бурдбориҳои беназири дар ҳама сатҳҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат тӯли солҳои Истиқлолият ба даст овардашуда, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ноил шудан ба ҳадафи олии Ҳукумат - «Таъмини зиндагии шоистаи ҳар сокини кишвар» мусоидат карда истодааст, ҳоло ҳам як қатор муаммоҳои ҳалталаб вуҷуд доранд, ки дар аксар ҳолатҳо баъзе ашхоси ғаразгӯю душманситез аз ин камбудиҳо сӯйистифода мекунанд.

Масалан, аз тарафи бархе аз масъулин сари вақт ё худ пурра амалӣ нагардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, вайрон карда шудани одоби хизмати давлатӣ, нисбати корафтодагон беэътиноӣ кардани эшон, роҳ додани баъзе роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ ба беадолатиҳо нисбати ҷобаҷогузории кадрҳо, тарбияи мутахассисони ҷавону соҳибтаҷриба, даст задани онҳо ба амалҳои хешутаборчигию коррупсионӣ, сарфи назар кардани адолати иҷтимоӣ, роҳ додан ба фориғболию дағалмуомилагиҳо нисбати зердастону дигар шаҳрвандон ва дигар омилҳо боиси коста шудани боварии мардум ба мақомотҳои давлатӣ мегардаду аз ин фурсатҳо мухолифони давлату Ҳукумат истифода бурда, тавассути шабакаҳои иҷтимоию дигар воситаҳо ба бадномкунии сарварони давлату Ҳукумати кишвар даст мезананд.

Агар хушбинона назар афканем, Пешвои миллат ҳамеша ҳангоми ба мансабҳои воломақом таъин намудани кадрҳо таъкид менамоянд, ки вазифаи ҳар як роҳбари мақомоти давлатӣ шунидани арзу ниёзи мардум буда, мову Шумо хизматгори халқ ҳастем ва ҳар як роҳбару масъулини бо дасту нияти пок фаъолиятдошта ҳатман сазовори обрӯю эътибори хоса хоҳад шуд.

Дар ҳақиқат, ҳангоми аз тарафи кулли роҳбарону хизматчиёни давлатӣ дар фаъолияти хеш ба инобат гирифтани ин насиҳатҳои падаронаи Пешвои миллат ҳалли тамоми муаммоҳои ҷойдошта бароямон осон гардида, ба рушди бонизоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ноил мегардем ва ғаразгӯиҳои мухолифони сарсахти давлати мо куллан коҳиш меёбад.

Боиси таассуф аст, ки як гурӯҳ ҳамватанони мо, ки худро «ватанпараст» меҳисобанду дар ҳар мавридҳои барояшон қулай Тоҷикистон ва роҳбарияти онро бадном карданӣ мешаванд, наздикшавии маъракаҳои интихоботии парлумону президентиро мавриди хеле беҳтари амалигардонии ғаразҳои сиёсиашон меҳисобанд.

Масалан, мушоҳидаҳои шахсии банда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар арафаи чандин интихоботҳои қаблӣ бо пешоварди ҳар хел баҳонаҳо ҲСДТ аз ширкат намудан дар интихобот даст мекашад, вале роҳбарону аъзоёни он боре ҳам ба худ савол намедиҳанд, ки ҳизби онҳо барои ҷомеа чӣ хизмате кардаасту дар асл чӣ қадар аъзою чанд нафар тарафдори ҳақиқӣ доранд.

 Аслан ҳизбе, ки танҳо дар арафаи интихоботҳо бо бадномкунии давлату дигар ҳизбҳо ё худ Сарвари давлат аз мавҷудияти хеш хабар медиҳад, ҳеҷ гоҳ ба дастгирии мардуми оқил ноил нахоҳад шуд.

 Ё худ дар оғози паҳншавии бемории сироятии коронавирус хоинону душманони миллати тоҷик аз хориҷи кишвар истода ҳадс мезаданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза ба ин вабои аср омода нест ва оқибатҳои ин беморӣ барои халқи тоҷик хеле даҳшатбор хоҳад буд.

 Вале он ҳамватанони гумроҳшудаи мо ва хоҷагони хориҷии онҳо бехабар монданд, ки дар мавридҳои мушкил мардуми тоҷик ваҳдатсолору муттаҳид шуда, бо якҷоягии давлату Ҳукумат пеши роҳи ҳама гуна хатарҳоро мегиранд ва намегузоранд, ки сокинони кишвари азизашон хору залил гарданд. Таъкид намудани он низ бамаврид мебошад, ки ба ин вабои аср ягон давлати абарқудрати дунё ҳам пешакӣ омодагӣ надидааст ва бадномкунию таъназании гурӯҳе аз хоинони миллати мо худ нишони бехирадии онон буд.

Дар мавриди интихоби номзадҳо ба мансаби Президенти кишвар гуфтаниам, ки ҳамаи онҳое, ки расман аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис карда шудаанд, фарзандони ин халқу миллат мебошанд ва мехоҳанд, барномаҳои хешро баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон ва ҳалли муаммоҳои мавҷудаи иқтисодию иҷтимоии мамлакат амалӣ гардонанд.

Ба сокинони кишвари мо зарур аст, ки лаёқати ҳар як номзадро ҳаматарафа омӯхта, дар арсаи байналхалқӣ доштани обрӯи нуфузи хосаи онҳоро ба инобат гирифта, имкониятҳои аслии ононро ҷиҳати ҷилавгирӣ намудан аз хатари оқибатҳои буҳронҳои иқтисодию сиёсии вобаста ба протсессҳои ҷаҳонишавӣ ва таъсири манфии ин вабои аср – бемории сироятии коронавирус пайдошаванда дақиқ таҳлил намуда, пас овозашонро ба номзади беҳтарину арзанда диҳанд ва бо ин амал қарзи шаҳрвандии хешро баҳри мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории кишвари соҳибистиқлоламон иҷро намоянд.

 Карамулло Одилов,

 собиқадори хизмати давлатӣ,

 Корманди шоистаи Тоҷикистон,

 Аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ

 ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ИЖТ

Add comment


Security code
Refresh