Хуҷанд: Ба ояндаи кишвар бетараф нестем!

Участкаи интихоботии рақами 53 дар назди Муассисаи таълимии давлатии Хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд воқеъ аст. Участкаи интихоботӣ дар асоси талаботи маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамаҷониба омода аст. Котиби участкаи интихоботӣ Марҳабохон Мансурова иттилоъ дод, ки ба участкаи номбурда як қисми сокинони хонаҳои баландошёнаи маҳаллаҳои Сано, Темурмалик (микроноҳияи ҳаштум), 80 – солагии Душанбе ва микроноҳияҳои 4 ва 5-ум дохил мешаванд.

Айни ҳол участкаи интихоботӣ тибқи дастуру супоришҳои ҳавзаи интихоботии «Хуҷанд - 26» фаъолият дошта, рӯйхати интихобкунандагон низ дар арафаи омодагист. То санаи 25 - уми сентябр бояд рӯйхати интихобкунандагон ба қайд гирифта шавад.

- Мутаассифона, дар маҳаллаҳои чорум ва панҷум, ки алҳол минтақаи навобод мебошад, баъзе хонавода ҳузур надоранд ва ё сохтмончиён машғули меҳнат буда, оид ба аъзои оилаи хонавода маълумот надоранд. Аз ин боис барои барӯйхатгирӣ аъзои участка пас аз шом ба маҳаллаҳои номбурда роҳсипор мешаванд. Рӯйхати эҳтимолии овоздиҳандагон 25 ҳазор нафарро ташкил мекунад, - зикр кард раиси участкаи интихоботӣ Муқаддас Азимова.

Дар участкаи интихоботӣ чор ҳуҷраи овоздиҳӣ омода буда, як ҳуҷраи он барои маҷруҳон пешбинӣ шудааст. Гӯшаи иттилоотӣ, овезаҳои тарғиботӣ, қуттӣ барои овоз додан ва қуттии сайёр, ки махсус барои овоздиҳандагони маъюб омода буда, тибқи рӯйхати пешниҳодгардида, аъзои участкаи интихоботӣ дар рӯзи маъракаи сиёсӣ ба хонаҳои шахсони маҷруҳ мераванд. Аз Комиссияи марказии интихобот ба участкаи интихоботӣ сандуқ, муҳр, гӯшаи иттилоотӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ дастрас шудааст.

Тавре иттилоъ доданд, участкаи интихоботӣ барои баргузории маъракаи сиёсӣ пурра омода буда, ҳуҷраи тиббӣ бо доруворӣ ва ҳамшираи шафқат, ҳуҷраи модару кӯдак бо бозиҳои гуногун таъмин гардидааст. Таҷҳизоти муосири техникӣ, ба монанди компутер бо тамоми таҷҳизоташ ва телевизор, мизу курсӣ барои меҳмонон - назоратчиёни байналимилалӣ муҳайёст.

Дар бобати риояи масофаи байни интихобкунандагон ва ҳамчунин тарзи баргузории маъракаи интихобот, қонуну қоидаҳои он варақаҳои ташвиқотию тарғиботӣ пешниҳод гардидааст. Инчунин, барои ҳифзи саломатӣ маҳлули тиббии антисептикӣ, дастпӯшак, ҳароратсанҷ ва ниқоб низ гузошта шудааст. Воқеан, ҳар рӯз ба участкаи интихоботии номбурда аз Комиссияи марказии интихобот ва ҳавзаи интихоботии «Хуҷанд - 26» намояндагон ташриф оварда, оид ба самти кори аъзои участка дастуру супоришҳои лозимиро баррасӣ менамоянд.

- Рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ буда, мо, нӯҳ нафар аъзои участкаи интихоботии рақами 53 аз ҳавзаи интихоботии «Хуҷанд – 26» кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки овоздиҳандагон фаъолона ширкат варзанд, зеро мо ба ояндаи мамлакат, ба рушду тараққиёти кишвар бетараф нестем, - гуфт дар хотима М. Азимова.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh