Лофзании нохалаф...

Соли 2020 дар низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон соли маъракаҳои сиёсӣ эътироф шудааст, зеро нимсолаи аввали соли равон халқ бо райъпурсии умумихалқӣ вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб карда бошанд, 11–уми октябр Рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст.

Аслан, интихобот ҳамчун маъракаи сиёсӣ, пеш аз ҳама барои  наслҳои имрӯзу ояндаи мамлакат бурдбориҳои беназир ба миён меорад.  Агар ҳар як фарди комилҳуқуқ дар интихоб намудани  сарвари арзандаи кишвар софдилона ва бо иродаи қавӣ овоз диҳад, пас  ояндаи дурахшони давлату миллатро бо роҳи ҳақиқат интихоб хоҳад кард.  Ин аниқу дақиқ аст!

Вале, ҳайҳот, бархе аз нохалафони миллат, ки худро тоҷик мегӯянд, аммо дар амал бо рафтори ноҷавонмардона ҳамаи пешравиҳои ватанро нодида мегиранд. Имрӯз Муҳаммадиқбол дар ҳаққи мардуму диёри худ тӯҳмат мезанад.

Ба қавле, халқ заршинос аст. Ҳар ватандори асил, ки давраҳои ҷанги таҳмилиро паси сар намудааст, бо чашми сар дидааст, ки он рӯзҳо чигуна буданду имрӯз шароит чигуна аст, Тоҷикистон дубора эҳё гаштаву соҳибистиқлол гардидааст.

Аммо ин ифротиён бо тӯҳмату бӯҳтон ва пешниҳодҳои бемаънӣ гумон доранд, ки мардумро дубора гумроҳ мекунанд.

Онҳо рӯирост мардумро ба гумроҳӣ даъват мекунанд.

Вале мардуми Тоҷикистон он мардуми солҳои навадум нест ва ҳар як фарди комилҳуқуқ ва бо ору нанги тоҷик ба ақоиди бардурӯғи нокасон ва худ хоинони миллат фирефта намешавад.

Шамил НАЗАРЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh