Кабирӣ хиёнаткори №1

Дар филми “Хиёнат” чеҳраи аслии Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Саидюнуси Истаравшанӣ, Мирзо Салимпур, авлоду аҷдоди онҳо ва хоҷагони хориҷиашонро бо далелу рақам ва санадҳои мушаххас, аз нутқи шоҳидони ҳол ва натиҷагирии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ намоиш дода шуд, ки ин нохалафон чи тавр инсонанд, ба сари миллату давлати тоҷик чи бадбахтиҳоро овардаанд ва раво дидаанд, ба кадом давлат ва хадамотҳои ҷосусии онҳо ҳамкорӣ доранд, чи мақсаду нақшаҳои разилна доранд.

Дар филми мазкур додарарӯси Кабирӣ – Раҳматуллоев М., ронандааш –Сайфиев Ҳикматулло, аммабачааш-Нарзуллоев Ҷамшед ва дигар ҳамдеҳагонаш рӯиростаз хиёнатҳо, ҷиноятҳои Кабирӣ, тавассути писараш ба Ҳ. Назарзода (соли 2015 ) чи қадар пул барои табаддулоти давлатӣ ва ташкили дастаи мусаллаҳона фирори ноҷавонмардонаи Кабирӣ бо баҳонаи сафари хориҷӣ нақл мекунанд.

Намоиши филми мазкур дар байни мардум вокуниши фаъолро ба миён овард ва мардум дар бораи ин чеҳраҳои манфур бори дигар маълумоти дақиқ гирифтанд ва дар сомонаҳо, рӯзномаҳо фикру андешаҳои худро баён менамоянд. Дар ин радиф “қаҳрамонҳо”-и ин филм низ барои худсафедкунӣ дасту остин бар зада, бо ҳар васила худро мусичаи бегуноҳ, ҳомии демократия, дину мазҳаб ва фарҳанги миллӣ вонамуд карданианд. Онҳо бояд фикр кунанд, ки баъди чун мисли оина равшан гардидани амалу кирдорашон, боз чи тарз ба рӯи мардуми тоҷик нигоҳ мекунанд ва онҳоро мағшӯӣ кардан мехоҳанд.

Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон нафарони хоин, ватанфурӯш, мазҳабфурӯш буданд ва имрӯз ҳам вуҷуд доранд. Дар даврони шӯравӣ дар Радиои озодӣ, Би-Би-Си, Садои Амрико ва дигар шабакаҳои таблиғотӣ, ки бо пули хадамоти ҷосусии давлатҳои абарқудрати Аврупо ва ИМА фаъолият доштанд, мисли Муҳиддин Кабирӣ, Мирзо Салимпур, Шавкати Муҳаммадӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Саидюнуси Истаравшанӣ, Абдусаттор Бобоев барин “рӯзноманигорон”, “шореҳон”, вале дар асл чун ҷосусону хабарнигорони фурӯхташуда кору фаъолият доштанд.

Бо тамошои филми “Хиёнат” мо бори дигар бо амалу рафторҳои манфури душманони хиёнаткори давлату миллат аз наздик бохабар гардидем. Саҳифаҳои Фесбуки онҳо, сомонаҳои бо пули хоҷагонашон сохташуда, баромадҳои намоишкоронаи онҳо пур аз фитнаву дуруғ ва ифроту ҷаҳолат буда, рӯирост шунавандаро ба кӯчаҳои сарбаста бурдан мехоҳанд. Мо ҳама шоҳиди онем, ки наҳзатиёни ифротии дар хориҷ паноҳ бурда, ватангадову хору зор ҳастанд ва рӯзе барои ин амалҳояшон паси панҷара хоҳанд шуд. Кабирӣ ба ғайр аз пулу нақшаҳои хоҷагону охундҳояш дигар ба ягон кас садоқат надорад, роҳи интихобнамудааш торику ноҳамвор буда, шахсони ба доми фиребаш афтодаро фақат ба бадбахтиву сарсахтӣ мебарад.

Шаҳрвандони кишвар, махсусан ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз сомонаву вебсайтҳои экстремистии душманони миллат канораҷӯӣ намоянд ва ба доми фиребу бӯҳтони онҳо наафтанд. Мо бояд худамон ва хешу ақрамоямонро эҳтиёт намуда, бо душманони хиёнатпешаамон муборизаи беамон барем.

Ҳамин тариқ, мо мутмаинем ва боварии комил дорем, ки мардуми шарафманди тоҷик чеҳраи аслии ин душманони миллатро ба хубӣ шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ ба доми фиребу найранги онҳо нахоҳад афтод ва онҳо ба мақсадҳои палиду нопокашон нахоҳанд расид.

Ахмедов Н.И. – н.и.ҳ., дотсент,  мудири кафедраи
 ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh