Аз “Хиёнат”-и наҳзат!

Филми ҳуҷҷатии  “Хиёнат”, ки ба воситаи шабакаҳои телевизионии давлатию маҳаллӣ  пахш гардид, амалҳои ғаразнок олудаи фисқу фасоди сарвари собиқ ҲНИ ва пайравонаш Муҳаммадиқболи Садриддин, Варқӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ ва ошкор месозад. Гарчанд қаҳрамонҳои филм ҳама манфию манфуранд ва иншои як ҳарф барояшон ҳайф аст, виҷдонам қарор нагирифт, ки нисбати ин хиёнаткорон ҳарфе нагӯям.

Аслан, образҳои филм  ҳама фатанфурӯши хиёнаткоранд. Дар мулки ғарибӣ ба ғурбат ба кумаку дастгирии хоҷагони хориҷӣ ҳастанд. На ватан доранду на авлоду аҷдодашонро мешиносанд. Хиёнат ба Ватан-хиёнат ба модар аст.  Агар асли худро мешинохтанд, ба ватан хёнат намекарданд. Имрӯз низ аз амалҳои  разилонаашон даст намекашанду  бо дурӯғпардозӣ аз кишвари биҳиштосои тоҷикон, аз маконе, ки хуни нофи нохалафони душмани ин макон рехтааст, камбудӣ мекобанд.   Сабаб он аст, ки  дар  замири онҳо ба ҷойи лутфу меҳрӯбонӣ хиёнату хислатҳои разилона маскан гирифтааст.   Дуввум мусофират қалбҳояшонро андӯҳгин кардаву чашмҳои нотавонбин аз дастовардҳои Ватан оҷизӣ мекашад ва садо мебароранд. Садои мотам, дурӯғ, тафриқаандозӣ, пушаймонӣ аз хиёнат ба Ватан ва дину мазҳаб.

Персонаҷҳои филм ҳама қувваҳои бадхоҳи миллат, душманони давлати тоҷикон,  сабабгори  низоъҳои сиёсии кишвар, бахусус, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ.  Аз Кабирӣ сар карда то дигар  ҳаммаслаконаш ҳама имрӯз маъюсу ноумеданду аз паси савсатаҳои беҳуда мегарданд,  зеро нақшаву амалҳои нопокашон, амалӣ нашуд.

Тамошои филм бештар ба ҷони пайрави гурӯҳи  террористӣ, хоину хиёнаткор Муҳаммадиқболи Садриддин асар кардааст, ки ба он ба ном раддия навиштааст. Дар асл он раддия нею дар он кинаву адоваташ нисбати давлату Ҳукумат ва каме шарҳи ҳолашро баён кардааст.

Дар ҷое ба ном раддия даъво дорад, ки гӯё бобою бобокалонаш, падараш ва худашу писаронаш  барои ин миллат корҳоеро анҷом додаанд. Аммо шарҳ надодааст, ки кадом корҳо. Агар ягон амали хайру савобе мекарданд, ҳатман дар қатори сатрҳояш ҷойгир мекард. Пас, бешармона ҳамон амалҳои разилонаашонро дар назар дорад?

Дар ҷое навиштааст, ки “Ман дар умрам силоҳро нақапидаам ва силоҳи ман ҳамин қалам ва калом аст, ки хело шуморо девона кардааст?. Агар таҳлил кунед қалами Садриддин зӯри силоҳро надорад, каломаш касеро девона намекунад, баръакс қалау  каломаш девонавор аст.

Ё дар ҷое мегӯяд, ки “дурбинҳои мадорбастаи “Ислоҳ.нет” дар даруну дохили шумост”. Ту ки аз дидани муваффақияту музаффарият ва истиқлолияту ваҳдати Тоҷикистони биҳиштосо оҷизӣ мекашӣ, ҳамрозу ҳамнишини ту низ оҷиз асту дурбинҳоятон корношоям.

Ҳамин минвол, филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” инъикоскунандаи ҳақиқати таърих буда, симои террористон, хоини Ватан, бахусус, Кабирию думравонашро барҷаста ифода мекунад.  Қаҳрамонҳои филм ҳама сурату сирати аҳриманӣ дошта, тамомшои филм бори дигар зоҳиру ботини ин хиёнткорон,  қаллобиву фасодкоривӣ ва ҷиноятҳои нобахшиданиашон ба ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон дод.

Қаюмов Ф.Ғ. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh