Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг

Нимаи дуюми рӯзи 25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи гарм, дастгирии сиёсати созанда баҳри рушду пешрафти кишвар ва ободии як гӯшаи диёр ба сокинони меҳмоннавози ноҳияи Ховалинг изҳори сипос карданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дастовардҳо дар соҳаҳои мухталифи ноҳия тайи 29 соли истиқлол нишон медиҳанд, ки Ҳукумати кишвар барои боз ҳам беҳтар гардидани рӯзгори сокинони ноҳия эътибори махсус зоҳир карда, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода менамояд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ба ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат беш аз 304 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки 97 миллион сомонии он танҳо ба се соли охир рост меояд.

Дар ин давра дар ноҳия 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 56 миллион сомонӣ амалӣ шуда, ҳоло татбиқи боз 6 лоиҳаи дигар идома дорад, ки маблағи дар доираи онҳо то имрӯз азхудшуда 206 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки дар ноҳияи Ховалинг барои истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ сохтмони 330 иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсолоти бофандагиву дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёду азнавсозии 110 муассисаву иншооти хизматрасонӣ ба итмом расида, 15 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва ба масофаи 4 километр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Инчунин, бунёди 6 муассисаи таълимӣ барои 2300 нафар хонанда, 12 синфхонаи иловагӣ бо 240 ҷойи нишаст, 5 маркази саломатӣ, 5 меҳмонхона, 18 маркази хизматрасониву савдо, 2 беморхонаи дорои 170 кат, боғи фарҳангу фароғат ва гулгашти замонавӣ бо майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, амфитеатр бо 1000 ҷойи нишаст, 2 бинои маъмурии ҷамоати деҳот, 4 коргоҳи дӯзандагӣ, 3 коргоҳи хиштбарорӣ, 10 варзишгоҳи хурд, толори варзиш ва майдончаи бозии кӯдакон, якчанд таваллудхонаву дорухона, китобхонаву ошхона ва дигар биноҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Тибқи нақша танҳо аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ иҷрои корҳои сохтмону ободонӣ ба маблағи 88 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз ба маблағи зиёда аз 53 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо вуҷуди корҳои то имрӯз анҷомдодашуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ховалинг вазифадораст, ки ташаббусҳои соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатманду ватандӯстро доир ба амалӣ намудани амалҳои созандаву ободонии ин диёри биҳиштосо ҳамаҷониба дастгирӣ ва барои боз ҳам зебо гардонидани ин гӯшаи Ватани азизамон тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомал Раҳмон изҳор доштанд, ки  дар доираи “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ховалинг барои солҳои 2020-2025” татбиқи 135 лоиҳа ба маблағи беш аз 150 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба таъмини рушди устувори соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, беҳгардонии хизматрасонии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми ноҳия равона гардидаанд.

Вобаста ба имкони маконҳои таърихию бостонӣ, мавзеъҳои зебову нотакрори ва табиати рангини ин диёр Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг вазифадор гардид, ки якҷо бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ба масъалаи обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ ва ҳарчи бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ чораандешӣ намоянд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Ховалинг баҳри амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар барору комёбӣ орзу карданд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Ховалинг Муҳаммади Раҳмоналӣ — омӯзгор, Малоҳат Боҳтурова — донишҷӯ ва Амирхон Саидзода – бостоншинос суханронӣ карданд.

Add comment


Security code
Refresh