Таҳкимбахши субот дар кишвар

Ман ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро дорам? Кай ва дар куҷо ман бояд овоз диҳам? Дар рӯзи овоздиҳӣ ман кадом ҳуҷҷатро бояд бо худ дошта бошам? Чӣ гуна овоз бояд дод? Оё падару модар, ҳамсари ман ё ягон каси дигар метавонад, ба ҷои ман овоз диҳад? Тартиби пур кардани бюллетен чӣ гуна аст?

Ин ва дигар суолҳоест, ки ҳамарӯза ҳар сокини кишварро ба андеша водор менамояд, зеро ба наздикӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт ва мардум номзади арзандаи хешро барои мансаби президентӣ интихоб хоҳанд кард. Ба суолҳои бешумори мардум навбатдорон ва масъулони маъракаи интихоботӣ аз участкаи интихоботии № 22 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Хуҷанд, № 26 посух хоҳанд дод. Зеро участкаи интихоботӣ, ки дар Театри мазҳака – мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, пурра ба ин чорабинии сиёсӣ омодаанд.

1340 нафар интихобкунанда аз хиёбони Раҳмон Набиев, № 49, меҳмонхонаҳои «Суғдиён», «Ваҳдат», «Тавҳид», «Хуҷанд», кӯчаҳои Мақсудҷони Танбӯрӣ, Хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо, Ҳаким Карим, Камоли Хуҷандӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Хуҷанд ва тангкӯчаи Шифокор рӯзи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳалли зикршуда омада, овоз хоҳанд дод.

Ба гуфти Раиси участкаи интихоботии №22 А.Шарифов, аз миқдори умумии интихобкунандагон 661 мард, 679 зан, 1309 тоҷик, 16 нафар ӯзбек, 15 нафар рус ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат хоҳанд варзид. Бо 14 нафар интихобкунандае, ки бори аввал дар интихобот ширкат меварзанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои 6 маъюб қуттии сайёр омода шудааст. Дар рӯзи интихобот намояндагон ба ҳавлиҳои истиқоматии онҳо ташриф оварда, овози онҳоро хоҳанд гирифт.

Шерзод Комилов нафарест, ки бори аввал дар интихобот ширкат хоҳад кард. Вақте ба участка омад, ба ӯ фаҳмонданд, ки рӯзи баргузории маъракаи муҳим агар ба тарафдории яке аз номзадҳо овоз доданӣ шавад, дар бюллетени интихобот дар муқобили ном ва номи падари номзади дилхоҳи худ дар квадрати холӣ аломати ҷамъ мегузорад. Дар ҳолати зидди ҳамаи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз додан метавонад, дар бюллетени интихобот дар сатри «муқобили ҳамаи номзадҳо» дар квадрати холӣ аломати ҷамъ гузорад.

Баъди дидан кардан аз участкаи интихоботӣ маълум гардид, ки дар участка тамоми шароити мусоид барои интихобкунандагон фароҳам оварда шудааст. Саҳни участка тозаву озода, шиору овезаҳо бо матнҳои пурмазмун ва таблиғотиву ташвиқотӣ тавассути деворнигораҳо насб шудааст. Утоқҳои овоздиҳӣ дар ҳолати корӣ, муҷаҳҳаз бо тамоми шароити мусоид буда, хонаи модару кӯдак, ҳуҷра барои маъюбон ва шахсони бемор низ муҳайёст.

Ҳуҷҷатҳои марбут ба интихобот: протокол ва қарорҳои комиссияи участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи тақвимӣ, рӯйхати аъзои участка, ҷадвали навбатдорӣ дар участкаи интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ, маълумотнома ва гузоришҳои комиссияи участкаи интихоботӣ ва ҳудуди участка дар ҷувздонҳои алоҳида ҷойгиранд. Ҳамчунин, дафтарҳои қайди навбатдорон, арзу шикоятҳо, бақайдгирии ташрифи мушоҳидони байнал- милал ва миллӣ, намояндагони васоити ахбори умум, фикру мулоҳизаҳо, бақайдгирии овоздиҳии пешакӣ ва дафтарҳои воридотию содиротӣ мавҷуд буда, аз омода будани участка ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дарак медиҳанд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh