«Хиёнат»-ро якдилона маҳкум мекунем!

Ҳамаи динҳои осмонӣ, аз ҷумла дини ислом низ дӯст доштани Ватанро ҳамеша таблиғ мекунад. Дини мубини Ислом ҳамеша мардумро ба дӯст доштан, обод кардан, аз байн бурдани нифоқ, тақвияти дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва донишомӯзӣ даъват менамояд. Худованд дар ояи дувуми сураи "Моида" фармудааст: "Ва бар некукорӣ ва парҳезгорӣ ба якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам ба якдигар мадад макунед." Дар корҳои нек ҳамкорӣ кардан маънои дастгири ҳамдигар будан ва баҳри сулҳу суботи ҷомеа, тинҷию амонӣ талош карданро дорад.

Дар луғатномаю фарҳангномаҳо воҷаи “хиёнат” ҳамчун бевафоӣ, ғадр, норостӣ, макру фиреб маънидод шудааст ва решаи баромади калима аз забони арабӣ мебошад. Як хислати муҳими инсони мусалмон инсондӯстӣ ва ҳамдигарфахмӣ мебошад. Пайгамбари Худо (с) мефармояд: "Мусалмони комил касест, ки мардум аз дасту забонаш дар амон бошанд". Пас ҳар кас забон ва дасти худро аз озор ва азияти дигарон бояд нигоҳ дорад. Дини мубини Ислом ҳамеша пайравонашро ба раҳмату шафқат, дӯстӣ бо дигарон ва риоя намудани ҳуқуқи мардум даъват кардааст.

Дар ғояҳои башардӯстона ва инсонпарваронаи ин дини мубин, эҳтироми хар фард новобаста аз мансубияти динӣ ва миллиаш таъкид шуда ва дар хусуси зулму ситам, фасодкориву душманӣ ва тафриқа ҳушдор дода шудааст. Ҳамчунин дини мубини Ислом ба халку Ватан садоқат доштанро қадр мекунад. Ҳар як инсон Ватанашро дӯст дорад ва бо корҳои нек ва амалҳои барои ҷомеа манфиатбахш онро обод намояд.

Ислом ба мо таълим медиҳад, ки аз хиёнат ва кина эҳтиёт шавем. Инҳо бемориҳои дил мебошанд, ки оқибатҳои он ба шахс, ҷомеа ва дин зарари калон мерасонанд.

Мусалмони ҳақиқӣ танҳо ба хотири Аллоҳ ва ба хотири Ислом хашмгин аст, ин як ҷузъи муҳими имони мост. Ислом ба мо таълим медиҳад, ки аз мардум нафрат накунем, балки аз бадӣ, ки мардум мекунанд, нафрат кунем. Барои як мусалмон дӯст доштан ба бародари худ чизеро, ки барои худ дӯст медоред ва нисбати бародари худ барои он чизе ки барои худатон бад мебинед, ҷузъи ҷудонашавандаи имон аст.

Нафаре, ки гуноҳ кардааст бахшида мешавад, аммо нафаре ки хиёнат кардааст, бахшида намешавад.

Аз ҷониби як қатор донишҷӯёни фаъоли МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” пешниҳод гардид, ки филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” мавриди тамошои дастаҷамъонаи донишҷӯён қарор дода шавад. Ин пешниҳод аз тарафи Раёсати донишгоҳ дастгирӣ ёфта, дар 17 факултетҳои донишгоҳ мавриди тамошои дастаҷамъона қарор дода шуд. Яке аз мақсадҳои тамошои ин филмро дар гумроҳ нагардидани ҷавонон медонанд.

Хайёмиддин Исмоилов-мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, ҳангоми суҳбат бо донишҷӯи мо, қайд кард, ки ба мо ҷавонон намоиши ин филм бори дигар аз амалкарди ин хоинони Ватан ёдрас намуда, ишора ба он намуд, ки мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳамаи онҳо ҷавоби сазовор диҳем оянда худро бо ғуруру меҳанпарастӣ тарбия намоем.

Ҳаминро зикр кард, ки филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” аз ҷониби киностудияи “Тоҷикфилм” ба навор гирифта шуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамагон пахш шудааст. Филми мустанади "Хиёнат" дар заминаи далелҳои амиқ ба навор гирифта шуда, бори дигар чеҳраи душманони давлат ва халқи тоҷикро муаррифӣ намуд. Дар асл, филм бо далелҳои раднопазир, наворҳои воқеъӣ, парвандаҳои ҷиноӣ ва ошкорнашуда таҳия шудааст. Зимни тамошои ин филм кас ба хулосае меояд, ки ин гуруҳ аз оғози Истиқлолият бо ниятҳои нопоки худ ба сари миллати тоҷик фоҷиаҳои нангинро рӯи кор гирифтааст. Ин афрод ҳоло аз мамлакатҳои хориҷӣ бо хоҷагони худ нақшаҳои гуногунро тарҳрезӣ намуда, бо нигоштаҳои бедалели худ ҷавононро ба роҳи ифротгарорӣ ҷалб намуда истодаанд. Моро мебояд худ ва наздиконамонро дар руҳияи худогоҳиву меҳанпарастӣ тарбият намоем.

Шаҳром Азизӣ - устоди донишгоҳи
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh