Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар табрикоту таҳнияти Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд чунин омадааст:

“Ба Ҷаноби Олӣ ва бародарам Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси хушнудии мост, ки ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президент барои мӯҳлати садорати нав ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, беҳтарин табрикоту таманниёти неки хешро арз намуда, бароятон сиҳатмандиву бурдборӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоии беш аз пеш  таманно намоям.

Зимнан, мо сатҳи муносибатҳои бародаронаеро, ки мардумон ва кишварҳои дӯсту бародари моро ба ҳам мепайванданд, баланд арзёбӣ намуда, саъйи худро ҷиҳати таҳкиму густариши онҳо дар ҳамаи соҳаҳо иброз медорем”.

Амири Давлати Кувайт Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар барқияаш гуфтааст:

“Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии дӯсти Тоҷикистон

Дуруду салом ва баъд аз ин„,

Сарфарозам самимонатарин табрикоти хешро ба Шумо, ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  муҳлати нав баён намоям.

Аз фурсат истифода бурда, бо ишора ба муносибатҳои мустаҳкаме, ки ду кишвари дӯстро бо ҳам мепайванданд, ҳавасмандии доимӣ ва муштараки хешро ба густариш ва тавсеаи ҳамкориҳо дар тамоми арсаҳое, ки ба манфиати муштараки ду кишвар хидмат менамоянд, изҳор медорам.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳативу саломатии бардавом, тавфиқу комёбӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми дӯсти он пешравӣ ва шукӯфоӣ орзумандам

Ҷаноби Олӣ, эҳтироми самимонаи моро бипазиред”.

Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар барқияи худ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:

“Ҷаноби Олӣ,

Шарафёбам ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Давлати Қатар ва аз номи худ табрику таҳниёти самимиро ба Шумо арз намоям.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии бардавом, комёбиҳо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафтҳои беш аз пеш, инчунин таҳкими робитаҳои зич байни ду кишварро дар солҳои баъдӣ орзумандам”.

Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башор Асад дар барқияаш навиштааст:

“Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли масаррат, гармтарин табрикоти қалбии худро ба муносибати ба даст овардани эътимоди муҷаддади мардуми Тоҷикистон ва пирӯзии Шумо бо аксарияти қотеъи раъйдиҳандагон барои давраи ҷадид дар интихоботи Президенти ҷумҳурӣ, тақдими Ҷаноби Олӣ намоям. Идомаи муваффақиятҳои Шуморо дар роҳи раҳбарии кишваратон ба сӯи пешрафт ва шукуфоии рӯзафзун орзумандам.

Ин фурсатро ҷиҳати таъкид бар алоқамандии худ ба рушди равобити дӯстона миёни Ҷумҳурии Арабии Сурия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ростои хайру манфиати ду миллат ва ду кишвари дӯст ғанимат  мешуморам.

Ҷаноби Олӣ беҳтарин дурудҳои инҷонибро ҳамроҳ бо орзуҳои саломатии бардавом  ва комёбиҳои Ҷаноби Олӣ бипазиред”.

Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпур дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

“Ҷаноби Олӣ

Мехостам хушнудии самимии худро аз интихоби муҷаддади Шумо ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намоям. Боиси сарфарозии ман аст, ки Шуморо ба ин муносибат табрик гӯям ва беҳтарин таманниётҳоро дар давраи нави раёсати ҷумҳурӣ барои Шумо хоҳонам.

Боварӣ дорам, ки ошноии амиқ, фаҳмиши назаррас ва муносибати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ ба сенарияҳои рушди минтақавию байналмилалӣ, масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар якҷоягӣ бо малакаи баланди роҳбарикунанда ва собиқаи Шумо на танҳо ба мардуми Тоҷикистон манфиат хоҳад овард, балки чатри сарпарастӣ ва роҳнамоии Шумо ба таъмини амният ва пешбурди манфиатҳои тамоми минтақаи ЭКО кумак хоҳад намуд.

Фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтиром ва орзуҳои самимӣ барои саломатӣ ва хушбахтии Шумо, ҳамчунин барои сулҳ, шукуфоӣ ва некӯаҳволии Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ғанимат медонам”.

Дар табрикоту таҳнияти Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ Юсуф Аҳмад Ал-Усаймин чунин омадааст:

“Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Мехоҳам табрикоти самимии худро ба муносибати аз нав ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон изҳор дорам.

Шарафмандам робитаҳои қавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломиро тазаккур диҳам.

Ман мехоҳам ба Шумо омодагии қатъии худро ҷиҳати таҳкими ин муносибатҳо ба нафъи Уммати исломӣ таъкид намоям.

Созмони ҳамкории исломӣ итминон дорад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо, Ҷаноби Олӣ, минбаъд низ ба кори барҳақи Уммати исломӣ мусоидати ҳамаҷониба хоҳад кард.

Ман аз Худованди муттаъол дар фаъолияти баъдиатон бар нафъи кишвари маҳбубатон, Ҷаноби Олӣ, комёбиҳо масъалат дорам.

Ҷаноби Олӣ, лутфан эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред”.

Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV дар барқияаш гуфтааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Самимонатарин табрикоти худро ба Шумо, Ҷаноби  Олӣ ба муносибати ба даст овардани эътимоди бузург аз тарафи мардуми Тоҷикистон дар интихоботи  президентӣ, ки ба наздикӣ гузашт ва барои ваколати наватон дар самти роҳбарӣ ба кишвар барои беҳбудии халқҳои тоҷик иброз медорам.

Ҳамчун шарики деринаи Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд  (АКДН) минбаъд низ ӯҳдадории қавии худро  барои  идомаи ҳамкорӣ бо Ҳукумати Шумо  дар расидан ба ҳадафҳои дар Стратегияи Миллии Рушд  муайяншуда ва баланд бардоштани сифати зиндагии  тамоми мардуми Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Дуоҳои ман ва орзуҳои неки гарми ман Шуморо, Ҷаноби Олиро барои муваффақият ва хушбахтӣ дар иҷрои вазифаҳои мансаби олииятон ва сулҳу пешрафт ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳамроҳӣ мекунанд”.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

Add comment


Security code
Refresh