ИФШОИ КИРДОРИ РАЗИЛОНА

Ноором кардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, дар хатар гузоштани амнияти давлатҳои минтақа, барангехтани кинаю адоват ва низоъ дар миёни мардум ва нодида гирифтани дастовардҳои мардуми кишвар ҳадафи аъзои ТТЭ ҲНИ аст. Ин тоифа одамон барномаи дигар, ки барои манфиати мардуми кишвар бошад, надоранд ва манфиатҳои шахсии худро болотар аз ҳамаи арзишу ормонҳои миллӣ медонанд.

Филми мустанади “Хиёнат” ба кирдорҳои разилонаи аз тарафи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ анҷомшуда бахшида шудааст. Онҳо тавассути роҳандозии ақидаҳои диниву сиёсии ҳизби мазкур, ки аз таълимоти ташкилоти дигари байналмилалии террористии «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, зидди давлату миллати хеш амал карданд. Дар ҳамин асос, аз байни мардуми тоҷик ҷавонони зиёдеро гумроҳ намуданд ва онҳо ба ватани худ хиёнат карда, марзу буми кишварро ноором сохтанд. Ҳамзамон, дар ин филми мустанад нигоштаҳои бардурӯғу қиссаҳои бофтаи хаёлии ин шахсиятҳои дасисабоз, ки дардашон бедаво аст, хело мӯшикофона бо далелҳои амиқ ва возеҳу равшан намоиш дода шуд.

Филми мустанади «Хиёнат» ба қисматҳои алоҳида ҷудо шудааст, ки фаҳмиши ҳодисаҳои дар он тасвиршударо осонтар мегардонад. Агар дар қисмати якум оид ба амалҳои террористие, ки аъзоён ва ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва бо дасти Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 анҷом дода шуда буд, маълумот диҳад, дар  қисмати дуюми филм дар бораи фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар маълумот медиҳад. Дар қисмати сеюми филм дар бораи дастгоҳҳои таблиғотии ТТЭ ҲНИ ва сомонаҳое, ки ба ин ташкилот тааллуқ доранд, маълумоти дақиқ дода шудааст. Дар қисмати чоруми филм маълумот аз забони шоҳидон оварда шудааст. Тамошои ин филм моро ҳушдор менамояд, ки аз таърихи миллати худ сабақ омӯзем ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи доми хоинони ватанбезор нагардем.

Шодмон НУРМАТОВ
докторанти Донишгоҳи давлатии
 Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh