Ифротгароӣ - зуҳуроти номатлуби ҷомеа

Терорризм ва экстремизм имрӯз ба яке аз муаммоҳои глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амнияти кишварҳо таҳдид мекунад.

Терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона ҷудо карда намешавад, зеро террорист ватан, дин, мазҳаб, миллат надорад.

Аслан зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки бештар таҳти ишораҳои динию мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надоранд баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандози мешаванд. Он натиҷаи шуурест, ки комилан аз ислом дур аст ва нишонаи мавҷуд набудани шуури воқеии исломӣ мебошад. Мақсади онҳо ноором намудани суботи ҷомеа буда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ аз ҳама гуна роҳу восита истифода мебаранд.

 Имрӯз дахолати кишварҳои абадқудрат ба кишварҳои сеюм, яъне қафомонда ва рӯ ба тараққӣ оварда ҳамеша боиси нооромиҳо дар ҷомеа мегардад, бо ҳамин тавр ташкилоти ифротии ТТЭ ҲНИ аз тарафи ҳоҷагони хориҷиаш таъсис ёфтаю маблағгузорӣ мешавад.

 Тавсеаи майдони фаъолияти гурӯҳҳои террористи ба сатҳи маблағгузорӣ ва дастгирии моддиву молиявии онҳо алоқамандии зич дорад. Чунонки маълум аст, имрӯзҳо барои маблағгузории терроризм манбаъҳои гуногун аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши инсон ва истифода бурда мешавад. Маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастовардашуда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии ташкилотҳои террористӣ мебошад.

 Аз рӯи баъзи маълумотҳо, имрӯздар ҷаҳон наздик 500 созмони пинҳонкори террористӣ амал мекунад.

 Имрӯзҳо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамоишу конфронсҳои байналмилали оид ба хатар ва таҳдидҳои фалокатбори ташкилотҳои хусусиятитеррористидошта аз қабили ТТЭ Ҳизби Наҳзати Ислом “Иҳвон-ул-муслимин”баргузор мегарданд,ки дар онҳо хатари террору ифратгаройии ТТЭ Ҳизби Наҳзати Исломиро аз” Хатарҳои ДИИШ ва Ал-Қоида"кам намедонанд.

 Боиси таассуф аст,ки имрӯз дар сафи ифротгароён шаҳрвандони кишварҳои собиқ Шӯравӣ аз ҷумла ҷавонони гумроҳи тоҷик низ шомиланд. Аксари онҳо ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан фирефтаи таблиғоти гумоштаҳои гурӯҳҳои террористӣ ва сомонаҳои онҳо, шудаанд. Бехабар аз он, ки онҳоро дар он ҷо на пули калон, балки пушаймонӣ интизор аст.

 Мардуми ҷумҳурӣ ҳанӯз фоҷиаҳои фалокатбореро, ки соли 1991 ТТЭ ҲНИ ба сари онҳо овард, фаромӯш накардаанд.

 Мутаассифона, имрӯз терроризми байналмилалӣ ба як ҷузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфта, торафт доираи бештари давлатҳои гуногунро фаро мегирад.

 Имрӯз ба хотири пулу мол сарварону тарафдорони ТТЭ ҲНИ мазҳаби шиаро қабул карданд ва даъво доранд,ки он мазҳаби ҳақ аст.

 Албатта барои онҳое, ки миллати худро фурӯхта, дар пеши бегонагон ҷо гирифтаанд, мазҳабфурӯшӣ кори саҳлу сода аст. Вале онҳо бояд донад, ки акнун замона дигар гаштааст. Насли замони истиқлолият ба воя расидааст,ки ҳаргиз ба найрангу фиребҳо дода намешавад, сараро аз пуч фарқ мекунад.

 Дар ин иртибот як масъалаи муҳимро зикр кардан зарур аст, ки солҳои охир дар кишвари орому осоиштамон корхонаҳои хурду калони зиёд мавриди истифода қарор гирифтаанд,то ки ҷавонон ҳар чӣ камтар ба муҳоҷират рафта, рӯзгорашонро беҳбуд бахшанд, яъне ҳукумати мамлакат тамоми тадбирро андешида истодааст,ки мушкилоти иқтисодию иҷтимоиро пайваста ҳал ва сатҳу сифати зиндагии мардумро баланд гардад.

 Илҳомҷон АЛИҚУЛОВ,

 донишҷӯи курси 3 факултети забонҳои

 шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh