ТТЭ ҲНИ – ДУШМАНТАРИН НЕРӮ

Соли ҷорӣ ба соҳибистиқлолии кишвари азизамон 29 сол пур шуд, ки дар назди таърих ҳукми як лаҳзаро дорад. Аммо дар ҳамин давраи кӯтоҳи таърихӣ дар Тоҷикистон корҳои бузурге ба анҷом расонида шуданд, ки дар давоми зиёда аз 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ нагардида буданд.

Мутаассифона, ҷоҳилоне ҳастанд, ки мехоҳанд мақсадҳои разилонаи худро дар роҳи доғдор сохтани фазои ороми кишвар бо роҳи тафриқаангезӣ амалӣ созанд зеро ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад ва ба гуфте айшашонро талху хобашонро ноором месозад. Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми диниро аввалин бор дар солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ТТЭ ҲНИ барои нооромсозии вазъияти сиёсии кишвар роҳандозӣ намудааст. Чунин фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти мазкур, ки бо дастуру пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ татбиқ мегардид, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон гардид. Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва он амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанӯз аз хотираи мардум зудуда намешавад. Он ҳамчун як доғи сиёҳ ва саҳифаи торике дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боқӣ мемонад.

Мусаллам аст, ки он амалҳои нангини террористони наҳзатӣ, аз ҷумла аз тарафи онҳо паҳн кардани ақидаҳои мазҳаби бегона дар байни аҳолӣ, ки бо суиистифода аз бовару эътиқодоти динии мардум анҷом дода мешуданд, дар асл бар зарари арзишҳои динӣ буданд. Зеро муллоҳои мутаассибу ифротии ҲНИ зери шиорҳои динӣ баромад карда, вале мақсадҳои ғаразноку хоҳишҳои палидонаи худро ҳамчун аҳкому фармудаи динӣ ба мардум талқин мекарданд. Дар асл мақсаду мароми ин хоинону аҷнабигароён иҷрои супоришу дастури хоҷаҳояшон ва амалӣ намудани нақшаҳояшон, яъне  ноором кардани фазои сулҳу суботи кишвар буд. Имрӯз санаду далелҳо исбот кардаанд, ки фаъолияти ТТЭ ҲНИ бар хилофи манфиатҳои Ватану миллати мо равона гардида ва танҳо аз разиливу хоинӣ иборат буд. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки сарварони наҳзатиҳо тамоми амалу рафтори хешро бо дини мубини ислом пайваст намуда, ҳамаи онҳоро сарманшаи кори худ меномиданд. Бо чунин рафтори дурӯягӣ диққати тамоми мардумро ба дин ҷалб намуда, халқро дар ғафлат мегузоштанд ва аз фурсати барояшон бадастомада барои анҷом додани амалҳои бади шайтонию аҳриманӣ истифода мебурданд. Ин тоифа, ки дар ниқоби дӯст кори душманӣ ва дар сурати инсон амалҳои шайтониро анҷом медиҳанд, ҳамеша ҷонибдори нооромию носуботӣ ва ноамнию ҷангзадагии Тоҷикистон мебошанд.

Ба гуфтаи худи аъзои ТТЭ ҲНИ, яке аз омили норозигиашон ин манъи ба масҷид рафтани наврасони то синни ҳаҷдаҳсола ва бастани дари бархе аз масоҷиди ғайриқонунӣ мебошад. Илми тиб собит кардааст, ки организми наврас дар ин синну сол ҳанӯз ҷавон ва дар раванди ташаккулёбӣ қарор дошта, ҳар нақши дар ин муддат дар мағзи он гузошташуда ҳамбақои умр мешавад. Ва ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бештар ҷавононро мағзшӯӣ карда, онҳоро бар зидди манфиатҳои миллату Меҳан бархезонид. Аз ин рӯ, тамоми насли калони кишварро зарур аст, ки кулли наврасону ҷавонони дар ин синну сол қарордоштаро ҳамеша ба омӯзиши илму дониш, забонҳои хориҷӣ, техникаю технологияи муосир ва ҷаҳонбинии илмӣ раҳнамун намоянд. Агар дар тӯли беш аз 70 соли шӯравӣ ҳамагӣ зиёда аз 30 шаҳрванди мо фаризаи ҳаҷро анҷом дода бошад, дар давраи Истиқлолият ҳазорон нафар бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои худ ҳаҷ кардаанд. Дар мавсими ҳаҷи соли 2010 – ум 5336 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷ кард. Ин адад дар соли 2011 қариб ба 5,5 ҳазор расид. Ин ҳама натиҷаи сулҳу субот, ваҳдату якпорчагӣ ва сиёсати дурусти роҳбарияти кишварамон мебошад. Аммо роҳбарони ТТЭ ҲНИ тамоми имкониятҳои дар самти дин фароҳамовардаи давлатро сарфи назар намуда, баъд аз истиқрори сулҳ ва бахшида шуданашон ҳам аз фаъолияти тахрибкоронаю душманонаи худ даст накашиданд. Онҳо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ даст ба ҷиноятҳои сангину террор заданд.

Баъд аз исботи тамоми амалҳои ҷинояткорона ва хиёнатҳои ТТЭ ҲНИ ин ҳизб мамнӯъ ва террористӣ эълон гардид. - Аксарияти аъзоёни ҳизби мазкур, солҳои 2014-2015 сафҳои онро тарк карданд. Айни ҳол масъулону роҳбарони боқимондаи он аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд, ки дер ё зуд барои амалҳои манфурашон ҷавоб хоҳанд гуфт. Зеро маҳз онҳо амалҳои террористию ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон оғоз карда буданд ва то ҳанӯз мехоҳанд бо роҳи зӯроварӣ ба мақсадҳои нопокашон дастёб гарданд.  Аммо мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзии мо, ки аз нияти нопоки наҳзатиҳо хуб огоҳанд, дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи макри ТТЭ ҲНИ намегарданд.

Шамил НАЗАРЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh