«Саг аккос мезанад, корвон роҳро идома медиҳад»

Вокуниш ба мақолаи суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА

Мақолаи мазкурро мутолиа намуда инсон ба ҳайрат мемонад, ки чунин шахсиятҳо дар ҷамъият худро кӣ меҳисобанд ва бо истифода аз кадом ҳуқуқи маънавӣ дар минбарҳои гуногуни давлатҳои Ғарб бо баромадҳои масхараомез сухан мекунанд.

Дар баромади худ роҳбари Ҳизби террористӣ-экстремистии назҳати ислом Муҳиддин Кабирӣ баъзе  нишондодҳо ва назарсанҷии  кадом рӯзнома, маҷалла ва ташкилотҳои ҷамъиятии хориҷиро мисол оварда, ба фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон баҳогузорӣ менамояд.

Чунин шахсият ба монанди Муҳиддин Кабирӣ дар таърих худро ҳамчун террорист, экстремист, душмани ашадии халқу миллати тоҷик сабт намуд ва ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварӣ мегуям, ки чунин афрод ҳуқуқи маънавии сухан гуфтанро надоранд, зеро ба рузҳои бад ва мудҳиш гирифтор шудани давлат аз дасти нохалафи маҳз ин инсони разил мебошад ва ҳамчун таҳлилгар иброз медорад, имрӯз кишвари мо ҷузъи қашшоқтарин, заъифтарин, бастатарин ва 10-гонаи ғайри демкоратиҳост.

Ин таҳлили гузаронидашуда ба ягон воқеияти ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мувофиқат намекунад.

Дар баромади худ Кабирӣ иброз медорад, ки «Мо метавонем беохир дар бораи сабабҳо ва гунаҳкорони ин вазъият баҳс кунем. Аммо беҳтар мебуд болои чанд омили аслӣ ва роҳи ҳалҳо тамаркуз намоем, то вазъ дар оянда аз ин бадтар нашавад». Бо ин суханони худ бори дигар исбот менамояд, ки ба ғайр аз сабаб ҷустан, гунаҳкор кардан дигар ба чизе қодир нест ин инсон ва гурӯҳи зери тобеияти ӯ қарор дошта.

Дар идомаи суханони худ таъкид месозад, ки «Муҳимтарин омиле, ки кишвари моро ба ин ҳол овард, ин дур рафтан аз руҳия ва матни Созишномаи умумии сулҳ буд, ки соли 1997 дар Москва имзо шуд. Ин санаде буд, ки натанҳо бояд ҷанги шаҳрвандиро хотима мебахшид, балки чорчӯбҳои асосии рушди ояндаи Тоҷикистонро ҳам пешбинӣ мекард. Яъне Тоҷикистон бояд як кишвари демократӣ, гуногунандеш ва таҳаммулгаро мебуд, ки ҳама гурӯҳҳо, ҳизбҳо ва инсонҳо новобаста аз ақидаву мазҳаб назди қонун баробар бошанд. Бале, имрӯз метавон гуфт, ки Созишнома ҷангро хотима бахшид, аммо ваҳдату суботро натавонист таъмин кунад. Ва вазифаи дуюмаш, кушодани роҳ барои як Тоҷикистони демократӣ ва пешрафта нотамом монд. Як тарафи сулҳ аз кишвар ронда шуд, садҳо роҳбаронаш аз нав вориди зиндону кушта шуданд».

Саволе ба вуҷуд меояд, ки чаро гунаҳгорони асосии ҳодисаҳои мудҳиши ба сари миллати тоҷик омада гуноҳи худро ба гардан намегиранд. Дар кирдорҳои содиркардаи худ дигаронро гунаҳгор медонанд.

Дар асоси Созишнома 30 фисади вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатиро ба аъзои неруҳои мухолифин доданд, мутаассифона, шахсони ба вазифа таъингардида, ки баъзеашон на маълумоти олӣ доштанд, на таҷрибаи роҳбарӣ боз аз рӯи фаҳмиш, дониш ва диди худ даст ба ҷиноят заданд, ки барои ҷиноятҳои содиркардаи худ мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, баъзеи дигарашон бо ҷамъоварии маблағҳо ба давлатҳои хориҷа фирор карданд.

Кабири иброз медорад, ки «Сулҳи мо тоҷикон бо миёнҷигарии ООН имзо шуд ва кишварҳои кафил, мисли Русия ва Ирон ба он имзо гузоштанд. Пас аз саркӯбшавии як тарафи сулҳ дар соли 2015 на СММ ва Русияву Ирон садо баланд накарданд ва имрӯз ҳам касе аз Раҳмон суол намекунад, ки чаро сулҳро поймол кард».

Ба ин саволи Кабири ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷавоб гуфтаниям, ки натанҳо давлатҳои кафил Россия ва Эрон балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб медонанд, ки Ҳизби наҳзати ислом, ҳизби террористӣ-экстремистӣ мебошад, роҳбар ва аъзоёни он ватанфурӯш, хоин, шахсони ноустувор мебошанд, дар Тоҷикистон сулҳ поймол нагаштааст сулҳу ваҳдат пойбарҷост, тамоми халқияту миллатҳо дар фазои орому суббот зиндагӣ ва умр ба сар бурда истодаанд.

Суханронии Кабирӣ бори дигар исбот карда истодааст, ки ҳоло низ онҳо дар сар нақша ва амалҳои разилонаи худро доранд ӯ қайд мекунад, ки «Мо ҳамчун як бахше аз нерӯҳои опозитсионӣ ва касоне, ки аз ояндаи кишвар нигаронанд, дар чунин ҳолат пешоруйи саволе истодаем: оё мисли қабл танҳо ба хотири ҳифзи «субот» нақши як мунтақиди нармро идома бидиҳем ва ё ба таври ҷиддӣ вориди амал шавем, масъулият ва рискҳоро ба дӯш бигирем, то аз фоҷеаи бузургтар пешгирӣ шавад».

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат қодир аст ҳама гунна таҳдиду хатарҳо бартараф созад ва ба сухану таҳдиду фишорҳои гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҷавоби сазовор диҳад.

Ин суханронии Муҳиддин Кабириро ҳамчун суханони пуч, беасос, кучагӣ, иғвоангезона тамоми мардум қабул мекунад ва ба он умуман аҳамияте намедиҳад ба монани мақоли халқии «Саг аккос мезанад корвон роҳро идома медиҳад».

Мо халқи Тоҷикистон дар роҳи худ устуворем ба чунин суханон диққат намедиҳем дар пайи ободӣ ва созандагии кишвари худ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем.

Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва
пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh