«Нолиш»-ҳоят таъсир надоранд

Аз аввалин ҷумлаҳо, ки гуфтаӣ “дар зарфи 8 сол таҳлилу хулосаҳои мо тағйир карданд”, гумон кардам, минбаъд ҳарфҳои бамантиқу ботамизона мехонам, вале ҳайҳот… Аз ин хотир, чанд суханро бар зидди ақоиди содалавҳонаат иброз медорам.

Ба ин иҷозати гирифтаат, ки 8-соли охирро сафҳагардон мекунӣ, “экономист”-ат хеле саҳв кардааст. Ин ҷо озодии матбуотро аз ҷанги иттилоотӣ фарқ бояд кард. Маънии озодии сухан танҳо фисқу фуҷур кофтану иғвоандозӣ нест.

Кишвари моро қашшоқтарину заифтарин номидан хатои маҳз аст, зеро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳо назаррасанд ва онро тавассути ТВ “Шабакаи аввал” ба ҷаҳониён, мунтазам, муаррифӣ мекунем ва барои касе, ки завқи эстетикӣ надорад, гул ҳам хор менамояд.

Аз Созишномаи соли 1997 ҳарф зада, гуфтаӣ, ки дар куҷо иштибоҳ кардӣ?

Дар илми равонпизишкӣ мегӯянд, ки ҳама саодату балоҳои ба сарат омада аз худат рӯй мезананд. Ё худ мақоли “Аз мост, ки бар мост”-ро фаромӯш кардаӣ? Инак, чанд посух ба иштибоҳат: -гурӯҳи 30%-а чаро барномаи ободкорӣ пешниҳод накард?

-Чаро дар давраи фаъолияти ТТЭ ҲНИ ҳаргуна ҷараёнҳои террористию экстремистӣ (ҳизб-ут-таҳрир, салафия, ихвон-ул-муслимин) пайдо шуда, фаъолияти худро аз масҷидҳо оғоз карданд, гаштугузори занҳои ниқобпӯш зиёд гардид?

-Чаро ҳарфе нагуфтед, ки дини ислом муборак аст ва зери ниқоби ислом ин амалҳо ҳаром аст, зеро дин ниёзманди ҳар гуна ҷараёнҳо нест? Баръакси он, имомхатибоне, ки пештар дар Узбекистону, Эрону Покистон “таҳсил” гирифтаанд, байни мардуми сода (алалхусус ҷавонон) бо маблағҳои ҲНИ дода, амалҳои номатлуб карданд, қишри асосии ҷомеа- ҷавононро гумроҳ карданд;

– Вақте дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қарор доштӣ, чаро барномаи муайяни пешбарандаи ҷомеа пешниҳод накардӣ?

– Чаро бо он як миллион доллари ИМА, ки аз Эрон ба суратҳисоби додарат омад, барои бунёди як мактаби замонавӣ ё боғчаи бачагон, барои харидории таҷҳизотҳои техникии замонавӣ ба беморхонаву мактабҳо ё ба маъюбони ниёзманд мадад накардӣ, дасти хайр боз накардӣ? Барои он накардӣ, ки “Хоҷагон”-ат барномаи худро ба дастат дода, инттизори табаддулоти навбатӣ буданд ва ту саргарми пултақсимкунӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро будӣ.

“Коршиносон”-ат гуфтаанд, ки “ба тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои демократӣ пас аз сулҳ таваҷҷӯҳ накардед”. Чаро аз чеҳраат ниқоби ҳақиқиро гирифта, нагуфтӣ, ки  ҷомеаи шаҳрвандиро хеле ноором кардем, ниҳодҳои демократии фасодкорро тарбия намудем…

Паймони миллии Тоҷикистон аз ин хотир ба рӯйхати созмонҳои террористӣ дохил шуд, ки аз оғози фаъолияташ ҷанги иттилоотиро пеша кард. Ҳар гурӯҳе, ки фаъолияташро аз ҷанг оғоз мекунад, роҳаш дур нест.

Оид ба масъалаи интихобот гуфтаниям, ки роҳат бош, мардум он фарзанди барӯманду матиниродаи сулҳоварро кайҳо хуб  шинохтаанд.

Дар интиҳо гуфтаниям, ки мисли мурғи парканда ба “домани” ҳар касе нишаста, ёрӣ талаб кунӣ ҳам, муродат ҳосил намешавад, зеро мақсади ниҳоии туро дар қолаби демократисозиат кайҳо фаҳмидаанд.

Каримов А.А. – н.и.ф., дотсент, мудири
кафедраи забони тоҷики ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh