Бори каҷ ба манзил намерасад

Имрӯз дар кишвари мо сулҳу субот ҳукмрон, ки мардумаш осуда осмонаш софу беғубор аст. Вале, баъзеҳо комёбиҳоеро, ки дар муддати хеле кӯтоҳи соҳибисиқлолӣ ба даст оварда шуд, дида наметавонанд. Худ барои ободии Ватани худ зодгоҳи худ хиште нагузошта, сулҳу суботи кишварро халалдор  карданӣ мешаванд. Ва беихтиёр ёдам меоянд, солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, дар кишвар. Охир, миллати тоҷик, ки боре барои ғасби кишваре силоҳ ба даст нагирифта буд, он солҳо силоҳро сӯйи ҳамватани худ равона кард.   

Вақте саҳнаҳои қатлу куштор, таҷовузу роҳзаниро аз филми мустанади «Хиёнат» тамошо кардам, нисбати ин хоинони Ватан нафрату адоватам боло гирифт. Зеро ақли солим ин ваҳшигарии инсонро нисбати инсони дигар асло қабул кардан намехоҳад.

Ҳазорон шукр, ки хиради азалии мардум боло гирифт. Халқ дӯстро аз душман фарқ кард, роҳи бахту саодатро интихоб кард ва имрӯзҳо Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки таҷрибаи сулҳофариаш дар манотиқи дунё омӯхта мешавад, шинохта шудааст. 

Ба хоинони милллат, ки аз хориҷа истода, ҳаёти осоиштаи моро халалдор карданӣ ҳастанд, гуфтаниям, ки имрӯз мардуми тоҷик он гумроҳони солҳои навадум нестанд. Шаҳди рӯзгори осоишта, соҳибисиқлолиро чашидаанд. Барои ҳифзи марзу бими худ муборизаи беамон бурда метавонанд.

Эй ватанфурӯшон, ононе, ки бароятон зарраи хоки Ватан ҳайф аст, донед, ки бори каҷ ҳаргиз ба манзил намерасад.

Манзура ҲАЛИМОВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики
МТМУ №44-ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh