ХИЗМАТ БА ВАТАН ОИНИ ҶАВОНМАРДИСТ

Ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз, дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро ёд мегиранд. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Алҳол маъракаи даъвати тирамоҳӣ ҷараён дорад, ки ҷавонони далеру шуҷои Ватан бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, ихтиёрӣ имрӯз барои хизмати Модар - Ватан раҳсипор гардида истодаанд.

Эҳсоси ватандӯстонаи чанде аз ҷавононеро, ки дар рафти суҳбат баён намуданд, манзури хонандагони рӯзнома мегардонем.

Алишер Рауфов аз ноҳияи Спитамен буда, иброз намуд, ки ҳифзи марзу буми кишвар яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк намуданд, ки хизмат ба Ватан шараф ва номуси ҷавонмардӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷавонони далеру шуҷои Ватан хизмат ба халқу миллатро пешаи худ қарор доданд. Худ ҳангоми рӯзи дарҳои кушод, ки дар қисмҳои низомӣ баргузор гардида буд, шоҳиди он гардидам, ки шароити хизмат дар қисмҳои низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беҳтар аст.

Шокир Абдуллоев - даъватшаванда аз ноҳияи Деваштич дар суҳбат гуфт, ки бо ихтиёри худ ба хизмати Ватан – Модар раҳсипор шудам, зеро Ватани азизамро дӯст медорам. Мо бояд ҳама суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк намуда, ба боварии он кас бештар сазовор гардем. Нагузорем, ки осудагиву оромии кишвари моро касе халалдор намояд. Хизмат дар сафи Артиш на танҳо қарзи фарзандӣ, балки ифтихор ва шарафи бузург аст. Ҷавонони матиниродаи миллати тоҷик бояд бо хоҳиши худ баҳри ҳимояи Ватан - Модар раванд. Аз хизмати Ватан саркашӣ накунанд. Хизмат худ мактаби ҷасорату матонат ва худшиносиву ходогоҳӣ мебошад. Ваъда медиҳам, ки бо сари баланд хизмати Ватанро адо намуда, назди падару модари худ бармегардам.

Ҳусейнбой Ҷабборов - даъватшаванда аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сӯҳбат гуфт, ки баъди хатми мактаби миёна ихтиёран худ ба хизмати Ватан – Модар раҳсипор шудаам, зеро Ватани азизамро дӯст медорам ва хизмат намудан, ҳифз намудани марзу буми миллати куҳанбунёди хешро барои худ шараф медонам.

Номбурда мегӯяд, ки дигар ҷавонон низ ба Ватан содиқона хизмат кунанд ва ба ҷавононе, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, муроҷиат карданист, ки хизмат намудан ба Ватан қарзи инсонии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Зеро ҷавонони чусту чолоки худамон бояд Ватанамонро ҳимоя ва обод кунанд. Имрӯз агар мо - ҷавонони саодатманд Ватани худро дар ҳифзу ҳимояи худ нигоҳ надорем, оромиву осудагии мардумро каси дигар таъмин наменамояд.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо садҳо ҷавонмардони баору номуси диёрамон бо амри дил баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он барои хизмати содиқона ба Ватан- Модар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сафарбар шуда истодаанд. Онҳо хуб медонанд, ки дӯст доштани Ватан дӯст доштани модар аст ва бо дарки чунин масъулият омоданд, ки қарзи ҷавонмардии худро иҷро намоянд.

Барои ҷавонон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби обутоби зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи кишвар баҳри хидмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ тамоми шароит муҳайё гардидааст, ки аскарон метавонанд, бе ягон мамониат хизматро ба ҷо оранд. Бинобар ин ҳамаи ҷавононро зарур аст, ки аз хизмат намудан ба Ватан - Модар саркашӣ нанамуда, баръакс барои дифо намудани он ҳамеша омода бошанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh