Эътирофи хатокориҳо – нишони ҷавонмардист

Таҳлили охирини таҳлилгари сиёсӣ Абдулло Раҳнамо атрофи масъалаи Паймони миллии Тоҷикистон ва каҷрафтории ҳизби наҳзати исломӣ бори дигар собит намуд, ки мавҷудият ва фаъолияти ин гурӯҳи сиёсӣ аз ҳар ҷиҳат на танҳо ҷавобгӯ ба манфиати имрӯзаи давлату миллат нест, балки надоштани потенсиали кадрӣ, барномаи мушаххас ва шеваи корбарии хашин, бар зарари шароити кунунии ҷомеа, суботу амният ва рушди ояндаи  Тоҷикистон мебошад.

Ба имзо расидани созишномаи сулҳи тоҷикон ва додани иҷозаи фаъолияти қонуниву расмӣ ба ҳизби исломӣ гарчанде амали ҷавонмардонаву хайрхоҳона буд, вале ҳизб дар ин фосила ба ҷои рӯ овардан ба ислоҳоти дарунӣ, тағйири стратегияву тактикаи фаъолият ҳамоно роҳи ғайриқонуниро пеш гирифта, ба амалҳои ношоиста даст зад.

 Ҳизбе ки манфиатҳои оммаро пуштбионӣ ва ҳимоя накунад, он гоҳ омили созанда ва муттаҳидкунандаи мардум буда наметавонад.

Роҳи нодурусте, ки бархе аз наҳзатиён баъди манъ шудани фаъолияти ҳизби мазкур дар Тоҷикистон пеша намуданд, ин бо роҳи шабакаҳои интернетӣ сангандозӣ нисбати кишвари худ буд. Махсусан дар як соли охир бо таъсис додани каналҳои интернетӣ танҳо ва танҳо ба дурӯғбофӣ, сиёҳкунӣ пардохтанд. Магар мешавад, ки танҳо бо роҳи дағаливу тундгӯӣ ва сиёҳкунӣ диёрро ободу зебо намуд? Онҳо бо ин роҳ мехостанд эътибори ҳукуматро дар назди мардум коста намоянд. Вале, ҳамаи мо дида истодаем, ки сол аз сол Тоҷикистон ободу зеботар шуда истодааст.

Ба касе пӯшида нест кишвари мо, дар баробари дигар давлатҳои дунё аз камбудӣ холӣ нест.  вале Ҳукумати кишвар талош намуда истодааст, то сол аз сол онҳо ҳалли худро пайдо намоянд. Дар муқоиса ба солҳои 90-уми асри гузашта ҷумҳурӣ бисёр ҳам ободу зебо гардид. Ин андешаи танҳо мардум нест, балки ин фикри ҳар хориҷие, ки қаблан аз ҷумҳурӣ дидан намудаанд, мебошад.

Аммо эътилофи паймони паймоншикан, ки танҳо ба сиёҳу бадном кардани  кишвари худ машғул аст, чи гуна тарафдору ҷонибдор дошта метавонад. Аз ин лиҳоз гарчанде бархе аз ашхоси наҳзатиён кори зиёди ғайриқонунӣ анҷом доданд, вале ҳоло беҳтар аст, ки аз ин кор даст кашида, фикри ободии Тоҷикистонро намоянд. Зеро ба умеди хориҷиён шуда, сиёҳ кардани давлату ҳукумат оқибат пушаймонист. Саҳм гузоштан дар ободии кишвар омили таҳкими суботу оромӣ, пешрафти Ватани азизамон ва  камтарин саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад.

Саидзода Ш. – н.и.с., дотсент, мудири
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh