Ҷавонон – нерӯи ояндасози кишвар

Имрӯз тақвият ёфтани фаъолияти созмонҳои радикалии исломӣ ва террористӣ боиси нигаронии ҷиддӣ гаштааст. Ин аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди ин падидаҳои номатлуб аст. 

Омилҳои асосии шомил гаштани ҷавонон ба ин равияҳо сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудӣ дар оила ва ғайраҳо мебошад. Гарчанде мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон зарур аст. Барои он ки гаравии аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, парастиши хислатҳои наҷиби инсонӣ, дӯстӣ ва рафоқат, парҳез кардан аз макру фиреб ва дурӣ ҷустан аз хиёнат ба давлату ватан аз рисолатҳои барҷастаи насли муосир ба шумор меравад.

Дар раванди таълиму тарбияти насли наврас,  ҷавонону толибилмон масъалаи мазкур бо тамоми ҷиддият ва масъулият ба маърази муҳокима гузошта мешавад. Дар ин бобат тарғибу ташвиқи ғояҳои олии ватандӯстӣ, меҳанпарварӣ, азму суботи комил дар самти омӯзиши илму ҳунар, касбу кор аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

Баъди ба даст овардани истиқлолият, ки он аз пурарзиштарин неъматҳои мардуми кишвари мо аст, барои озодии эътиқод шароит фароҳам омад.

Имрӯз дар кишвар сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ таҳким ёфта ба ободию пешравии Ватани маҳбуби мо ва зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд нигаронида шудааст.

Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ояндасози кишваранд.

Онҳо ҳар қадар донишманду соҳибмаърифат, соҳиби касбу ҳунар ва худогоҳу хештаншинос бошанд, Ватан ҳамон қадар обод мешавад ва нерӯмандии давлат меафзояд. Бинобар ин, ҷавонони моро, ки ба ҳамаи навгониҳои илму техникаи муосир дастрасии комил доранд, лозим аст ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Мақсатилло РАҶАБОВ,
ҷонишини директор оид ба илм дар
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh