ҚАЛЛОБАКЕ ДАР БЕШАЗОРИ АВРУПОИИ НАҲЗАТӢ

Буд набуд, қаллоб буд, қаллобаки доно ва муғамбиру маккор. Ҳар қадамаш ҳисобӣ ҳар минуташ масруфӣ. Аммо ин қаллобак, як тан набуд, як тан дошту сад чеҳра, сад ниқобак ва дар ҳар маҳфил бо ҳар шева худро муаррифӣ мекарду мегашт. Гоҳ тоҷиру сарватманд, гоҳ донишманду олим ва гоҳо сиёсатшиносу мухолиф ва ғайра. Лек ин ҳама дар зери пардаи қаллобӣ ба роҳ андохта шуда буд, ки кам андар кам  касе чеҳраи воқеии ин қалобаки муттаҳами наҳзатиро дармеёфту шинохт.

Ин қаллобак дар назди ҷавонон лофи ватандорӣ мезаду дар назди пири корашон “Бен Лодани наҳзат” ҳарф аз бизнесу хиёнату ватанфурӯшӣ. Кори қаллоб басо омад карда буд, гоҳ аз ислом мегуфту мардумро фиреб дод ва гоҳ аз муҳаббату садоқат ба ватан мегуфту ҷавононро гумроҳ кард.

Қаллоб асло намедонист, ки  рӯзе пардаи бакорати асрораш медараду ӯро ҳатман мешиносанд, аммо аз ояву ҳадис мегуфту ҷайбашро пур кард, шартномаи тиҷоратӣ мегуфту аз фоиз гап мезад, аммо намедонист ин қаллобак, ки охир дар дин фоиз ҳаром аст!

Хуллас қаллобак –М. Садриддин банкрот мешаваду ба оғилхонаи наҳзат дар Аврупо ҳамчун пуштибони сиёсати ҳамҷинсгароён роҳ меёбад. Ҳарчанд худро домуллову донандаи хуби аркоми шариат мегирифт, аммо ҳанӯз ҳам хуни қаллобияш дар ҷӯш буд ва боз талош мекард, то касеро фиреб диҳад ва ба дом андозад, то ҳамон одати пешинааш гум нашавад. Лек нашуд. Аврупо калон аст ва он ҷо ҳама медонанд, ки арзишҳо ва боварҳо барои ҳар як кас алоҳида ва хос асту тиҷорат ва манофеъ чизи дигар. Касе қаллобакро гӯш накард ва қаллобак дигар маҷбур шуд, ки роҳи навро пеш гирад, ин ҳам бошад шарики тиҷоратии пири  кори наҳзатиён “Бен Лодани наҳзатӣ” гардид. Дигар ҳама макру ҳилларо истифода мекард, то дар ин тиҷорат муваффақ шавад ва ҳамин хел аз ҳуқуқу демократия то ҳазорон мавзӯоти динӣ барои ин қаллобаки гузаро ва маккори бевиҷдон маводи тиҷоратӣ буд. Тиҷорати нави ин қаллобак ватанфурӯшӣ, хоинӣ ва хиёнат буд. Бар Ватан, миллат, давлат хиёнат мекард, то аз хоҷагони хориҷияш маблағи ҳангуфте ба даст оварад, чун дигар чорае ҳам надошт ва роҳи дурусти ба даст овардани маблағу пеш бурдани зиндагониро ҳам намедонист.

Хуллас рӯзе аз рӯзҳо пардаи бакорати асрори ин қаллобак бо ошкор намудани макру фиребаш бидарид ва маълум гашт, ки ин қаллоб ва фиребкору хоин асло виҷдони солим ҳам надоштааст ва аз бечорагиву нодориву нотавонӣ даст ба хиёнаткориву хоинӣ задааст, то ҳадди аққал дар назди занаш муттаҳам набошад, дар назди пири террористаш сархам набошад.

Қаллобро ном Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки худро имрӯз яке аз мухолифони сиёсӣ мешуморад, аммо дар асл бошад аз хоҷагони хориҷияш пул мегирад, то миллатро ба гумроҳӣ барад. Бар зидди миллат душманӣ меварзад.  Зеро аз тақаллубаш дар кишварҳои хориҷӣ, ки бештар тоҷикон зарар дидаанд, маълум мешавад, ки ҳанӯз дар хуни разилонааш миллатбадбинии наҳзатӣ ҷористу дигар тобу тоқати дидани хушии ин миллатро ҳам надорад.

Қаллобаки маккор, М. Садриддин айёр ва авбошу хиёнаткор акнун бо кадом рӯ ба муридонаш мегуфта бошаду фатво дод, ки ин амалаш чӣ маънӣ дорад?!

Оё қаллобак боз лофи инсониву динӣ мезада бошад?

Шикасти ниқоби қаллобаки наҳзатӣ дигар мотам шуд дар оғилхонаи наҳзатиёни аврупоӣ ва ҳама наҳзатиён сар бар зонуи оғои хориҷияшон мезаданд, то қаллобаки манфурашонро бо ҳар дурӯғе сафед кунанд, аммо дигар дер шуда буд…

М. Абдусаломов,
омӯзгор, ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh