Аз бекорӣ ба кадукорӣ гузаштани хоинон

Дар ин замина, дар робита ба хиёнатҳои наҳзатиён бояд гуфт, ки ҳама вақт ин хоинон роҳеро ҷустуҷӯ мекунанд ва ё формулаҳои нав банаверо эҷод кардаву мехоҳанд мардуми тоҷикро даст ба гиребони якдигар созанд ва дар дохил мардумро бо мардум ҷанг андозанд. Албатта, чунин аст мақсади асосии онҳо ва хоҷагонашон, ки намедонад кадом роҳи иғвоангезиву дассисаро истифода баранд, то ба манфиатҳояшон бирасанд. Чунин шахсони сарсупурдаи миллатро ба монанди – Куруши Кабир, Деватичу Муқаннаъ, Маздаку Исмоили Сомонӣ, Фирдавсиву Синои бузург ва Айниву Бобоҷон Ғафуров, ки тамоми умри хешро барои сарҷамъии миллат ва соҳиби давлати мустақил шудан сипарӣ намуданд, метавон ном бурд.

Бо боварии комил изҳор медорем, ки тамоми халқи тоҷик ба ҳилаву дасисаҳои якчанд наҳзатиёни хиёнатпеша ба ҳеҷ ваҷҳ дода намешаванд. Зеро дар солҳои 90-ум зарбаи он тири хиёнаткориро хӯрдаанд ва аз ҳамин лиҳоз дастовардҳои ба дастомадаро бо тамоми ҳастияшон ҳифз менамоянд. Мусаллам аст, ки хар як фарди худогоху ватандӯст аз ҳодисахои солҳои 90-уми асри гузашта ёд дорад. Албатта, мо шохиди онем, ки ношукрон чи гуна ба вартаи гумроҳӣ дучор шуда истодаанд. Пӯшида нест, ки дар ҳаёт ва ҳатто дар сиёсату давлатдорӣ борҳо шахсони шукргузорро дидаем, ки ба мартабаҳои баланд расида, дар байни омма соҳибэхтиром гардидаанд баръакси ҳол нафаронеро ҳам медонем, ки аз ношукрӣ ба кадом азобу машаққатхо дучор омаданд. Бехабар аз он ки гӯш надодан ба суханҳои пиронсолон ва бузургон оқибати хуб надорад, акнун чун мақоли халқӣ «худкардаро даво нест вовайлои пинҳонӣ» аз беруни давлат даст ба иғво ва ношукрии зиёд мезананд.

Як ҳолат моро ба ҳайрат меоварад, ки кӣ ба онҳо ҳуқуқи маънавӣ додааст, то ки аз дури дур истода ба оромии ватани маҳбубамон наҳ мезананд. Маълум аст, ки ба ҷуз кинаву адоват ва бахилӣ дар ботини онҳо дигар чизе нест. Аҳсан ба мардуми таърихии тоҷик, ки бо сари баланд ва бо умеди ояндаи нек Роҳбари арзанда ва оқилу донои худро бори дигар интихоб кард.

Мардуми қадршиноси тоҷик аллакай ба дому фиреби наҳзатиён заррае боварӣ надорад. Ягон ашхоси солим кишвар намехоҳад ҳаводиси солҳи 90-умро ҳатто ба хотир биёрад. Аз ободии кишварамон магар хабар надоранд, ё ба чашм хок кашидаанд, ки чунин андешаҳои номардона доранд? Якбор бо чашми кушода назар андозед, ки Ватани маҳбубамон чи қадар ободу зебо аст ва аз ин пас, ин оромиро мо ягон вақт аз даст намедиҳем ва ҷоннисори он будем, ҳастем ва хоҳем буд.

Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., дотсент,
мудири кафедраи ҳуқуқи
гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh