Пистаи бемағз чун лаб во кунад, расво шавад

Тайи як ҳафта мешавад, ки дар шабакаи иҷтимоӣ сабти гуфтугӯи бадахлоқонаи раиси собиқ ТТЭ ҲНИ ва имрӯза созмони экстремистии “Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабирӣ бо маъшуқааш, аз ҷониби рӯзноманигор Дадоҷони Атовулло пахш карда шуд. Бо гӯш кардани гуфтугӯи мазкур аз ҷониби М.Кабирӣ бо як зан, модари тоҷик шахсро ба тааҷҷуб меорад ва лаънату маломаташро нисбати ин марди беномус ва ҳизби ифротиаш боз ҳам баландтар мекунад.

Бадахлоқу шаҳватпараст будани наҳзатиёнро аз филми мустанади “Хиёнат”, ва дигар навиштаву гуфтаҳо шунида будем, аммо то ин дараҷа бо лаҳни қабеҳ, суханҳои бешармонаву кӯчагӣ, берун аз одобу ахлоқи инсонӣ аз ҷониби як нафар шахсе, ки худро сиёсатмадор, ватандӯсту ҳомии дину диёнат ва ислом меҳисобад, сӯҳбат карданашро нав шунидем.

Аз сӯҳбати Кабирӣ бо яке аз маъшуқаҳои бешумори мисли худаш пулпараст, шаҳватпараст, бадахлоқ ҳамон ҳақиқати аслие, ки шоир гуфтааст,тасдиқ мегардад:

Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,

Пистаи бемағз чун лаб во кунад, расво шавад.

Бонуе, ки бо Кабирӣ сӯҳбат менамояд тамоми сиру асрори ӯро фош намуда, дар бораи пулу пайса ва долларҳое, ки аз хоҷаҳои хориҷиаш мегирад, ба кадом мақсад ва бештар барои қонеъ кардани талаботҳои ҳайвониву шаҳвониаш сарф мекунад, баён мекунад.

Кабирӣин сӯҳбати худ ва ба кирдору амалҳояш иқрор шуда, бори дигар тинати аслӣ, ахлоқу одоб, сатҳи “маърифати устодӣ, сарвари”-и худро ифшо намуд.Ин рафтору амали Кабирӣ даъвоҳои пучу бемаънӣ ва бепояи ӯро дар бораи масъулият, одоб, ахлоқ, дину диёнат ва дигар “насиҳатҳо ва роҳнамоиҳояш” ба мардум, хусусан ҷавонон собит намуд.

Ҷабборов И.Р.,
 устоди ДДХ

Add comment


Security code
Refresh