СУҒД: НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ 87 ФОИЗ ИҶРО ГАРДИД
- Details
- Published on Friday, 30 October 2020 11:42
Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар вилоят идома ёфта, то санаи 27 – уми октябри соли ҷорӣ 87 фоизи нақшаро ташкил намудааст.
Бино ба иттилои Комиссариати ҳарбии вилоят, алҳол аз 18 шаҳру навоҳии вилоят 8 шаҳру навоҳӣ - Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Истиқлол, Панҷакент, Шаҳристон, Зафаробод ва Спитамен ба пуррагӣ нақшаи даъватро таъмин намудаанд.
Дар ноҳияҳои Ашту Айнӣ бошад , то кунун 91 фоизи нақша таъмин гардидааст. Инчунин, шаҳру навоҳии Хуҷанд 73 фоиз, Конибодом 74 фоиз, Исфара 70,7 фоизи нақшаро таъмин сохтаанд.
- Агар масъулини шаҳру навоҳии номбурда саҳлангорӣ накарда, нақшаи ба зиммаи хеш доштаро тезтар ва сари вақт амалӣ созанд, метавон гуфт, ки дар наздиктарин фурсат нақшаро иҷро намоем, - мегӯянд масъулини соҳа.
Алҳол барои даъватшавандагоне, ки оиладор ҳастанд, имкониятҳои хуб фароҳам оварда шудааст. Онҳо метавонанд, дар минтақаи хеш адои хизмат намуда, аз рухсатиҳои кӯтоҳмуддат баҳравар шуда, робитаро бо оилаи хеш мустаҳкам намоянд.
Истамҷони НАҶМИДДИН,
"Ҳақиқати Суғд"