Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент

Нимаи дуюми рӯзи 11 ноябри соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр доир шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифӣ иброз дошт, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2020 Шафеиён Ислом Зиёзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Панҷакент озод гардида, Холиқзода Абдухолиқ Санавбар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент таъин гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода ба Шафеиён Ислом Зиёзода, ки солҳои роҳбарии худ барои рушду пешрафти шаҳри бостонии Панҷакент саҳм гузоштааст, изҳори сипос намуда, ба Абдухолиқ Холиқзода ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони меҳнатқарини Панҷакент барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, баҳри ободонии сарзамини аҷдодӣ беш аз пеш талош менамоянд.

Ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент, инчунин дигар барномаҳои давлатӣ ва ба ин васила бартараф намудани мушкилоти аввалиндараҷа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, таъмини истифодаи самараноки замин, иҷрои саривақтии нақшаи буҷети давлатӣ, баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинон ва ҳалли мушкилоти онҳо супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh