Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич

Нимаи дуюми рӯзи 11 ноябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия доир шуд.

Тавре зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Деваштич озода карда шуда, ба ҷойи ӯ Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хизматҳои Зиёзода Сулаймон Ризоӣ дар рушди хоҷагии халқи ноҳия ёдовар шуд ва ба Ашуралӣ Ҷалилзода дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳо орзу карда, дар назди роҳбарияти ноҳия баҳри тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва истиқболи шоистаи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ёдовар бояд шуд, ки Ашуралӣ Ҷалилзода 10 марти солои 1970 таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқи хизматчиёни давлатӣ дар назди Президенти Федератсияи Россия мебошад. Мавсуф дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла раиси Кумитаи замини ноҳияи Спитамен, роҳбари намояндагии КВД Хоҷагию манзилию коммуналӣ дар вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Шаҳристон кор кардааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh