Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон

Нимаи дуюми рӯзи 11 ноябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо фаъолони ноҳия иттилоъ дод, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2020 Ҷалилзода Ашуралӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон озод гардида, Акрамзода Баҳодур Исмоил иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин карда шуд.

Дар ҷаласа ба роҳбарияти ноҳия баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди соҳаҳои кишоварзиву саноат, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, истифодаи самараноки замин, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дар сатҳи зарурӣ гузаронидани фасли сармо, пешгирии бемориҳои сироятӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh