Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

12 ноябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод намудани Назирӣ Зариф Вализода” ва “Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин намудани Давлатзода Зафарбек”-ро ба самъи фаъолони ноҳия расонид. Назирӣ Зариф Вализода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод гардида, Давлатзода Зафарбек иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.

Таъкид карда шуд, ки Назирӣ Зариф Вализода дар тули беш аз чор соли кори худ ба ҳайси раиси ноҳия ҷиҳати рушди соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти назаррас дошт. Раиси вилоят ба Назирӣ Зариф Вализода барои фаъолияти самаранок изҳори сипос намуда, ба Давлатзода Зафарбек дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард.

Ҷоизи зикр аст, ки Зафарбек Давлатзода филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисосаш муҳандис-механик буда, дар гузашта дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардори КВД Канали Хоҷа-Боқирғон, сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст. Аз соли 2016 то декабри 2018 вазифаи сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоятро бар уҳда дошт. Аз декабри соли 2018 то ин дам раиси шаҳри Конибодом буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh