Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлол

12 ноябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлол баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими муаррифӣ Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд озод намудани Амонзода Худойназар” ва “Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъин намудани Зоҳидзода Даврони Абдуқодир”-ро ба самъи фаъолон расонид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, Амонзода Худойназар бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда шуда, Зоҳидзода Даврони Абдуқодир иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр таъин гардид.

Раиси вилоят барои фаъолияти назаррас ба Амонзода Худойназар, ки тӯли чанд соли охир роҳбарии шаҳрро ба уҳда дошт, изҳори сипос намуда, ба Зоҳидзода Даврони Абдуқодир дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақиятҳо таманно кард.

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ба ҳайси омўзгори кафедраи фанҳои умумитехникии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров оғоз намудааст.

Мавсуф дар солҳои гуногун дар мансабҳои раиси Маркази ташаббуси ҷавонон «Иттифоқ»-и вилояти Суғд, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, муовини аввали роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, раиси ноҳияи Ашт, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, раиси шаҳри Исфара, муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен кор кардааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh