Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом

12 ноябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом баргузор гардид.

Дар маросими муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳр озод гардида, Абдусалом Тӯхтасунзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом таъин гардид.

Абдусалом Тӯхтасунзода соли 1975 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буда, солҳои зиёд дар ҶСК ба номи Энаҷон Бойматова фаъолият бурдааст. Аз соли 2007 то соли 2010 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Конибодом, аз соли 2010 то соли 2015 директори Корхонаи давлатии фаръии “Замини Конибодом”, аз соли 2015 то соли 2020 раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Конибодом, аз оғози соли 2020 то инҷониб раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh