Маросими муаррифии муовини Раиси вилояти Суғд

12 ноябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими муаррифии муовини Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифӣ иттилоъ дод, ки Каримзода Рустам Раҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Раиси вилояти Суғд озод ва Назирӣ Зариф Вализода муовини Раиси вилояти Суғд таъин гардид. Раиси вилоят ба Каримзода Рустам Раҳим, ки давоми фаъолияти кориаш баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми худро гузошт, изҳори сипос намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, Назирӣ Зариф Вализода 11 июли соли 1973 таваллуд шудааст. Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1992 дар омӯзишгоҳи касбӣ техникии №75-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси техник-бинокор оғоз намудааст. Пасон дар солҳои гуногун дар вазифаҳои мушовири Ҷамъияти саҳҳомии “МОГАЛ-ЛТД”, мутахассиси пешбари бонки тиҷоратии “Хуҷанд”, корманди Нозироти андози вилояти Суғд, мушовири Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи “Поиск”, мутахассиси пешбари идораи тиҷорат ва алоқаи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори идораи хоҷагии оби шаҳри Конибодом, сардори идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд кор кардааст.

Аз соли 2016 то 11 ноябри соли 2020 раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.

Add comment


Security code
Refresh