Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли ихлосу эҳтироми бепоён ва шукру сипосгузорӣ аз сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки яке аз санаҳои фирӯз ва мубораки тақвими миллати сарбаланди тоҷик ба ҳисоб меравад, аз номи худ ва сокинони сарбаланди вилояти Суғд ба кулли ҳамватанони гиромӣ сидқан табрику муборакбод менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирӯзу имрӯзи миллатамон на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расониданд, балки дар суботи тамоми минтақа низ саҳми бузург гузоштанд.

Таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат кишвари азизамон Тоҷикистон мавқеи хешро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳалли мушкилоти сайёра мустаҳкам сохта, доираи ҳамкориҳоро бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон фарохтар намуд ва бо назардошти манофеи миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳояшро таъмин кард.

Мардуми кишвар ва аз он ҷумла вилояти Суғд аз он ифтихор доранд, ки дар саргаҳи ташаккули муваффақонаи давлатдории навинамон маҳз шахсият ва талошҳои Ҷаноби Олӣ қарор дошта, ба шарофати иродаи ҷиддӣ ва мавқеъгирии устуворонаашон сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, пешравию шукуфоӣ барқарор ва ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин карда шуд.

Бо баргузории рӯзи оғози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам омадани ин санаи фархунда рамзист, зеро дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарории сохти конститутсионӣ, ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар маҷмуъ барои рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва таърихию фарҳангии Тоҷикистон хизматҳои бузург анҷом доданд.

Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки соли равон маъракаи муҳими сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар маҳбубияти Пешвои муаззами миллатро ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва шарафи шаҳрвандон собит намуд.

Соли ҷорӣ дар рӯзҳои таҷлили солгарди санаи ҳумоюни миллат – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шудани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷик Камоли Хуҷандӣ баёнгари сиёсати ҷаҳонии муваффақона ва тадбирҳои дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ояндаи дурахшони Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, бо аҳмияти оламшумули худ дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Сокинони кишвари азизамон зери роҳбарӣ ва сиёсати ваҳдатофарини раҳбари хирадманду сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо азму ирода ва эътиқоду боварии комил ба фардои дурахшон фаъолият намуда, барои дар сатҳи арзанда пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳарвақта бештар саъю талош меварзанд.

Дар ин рӯзи барои миллати тоҷик ва ҳар як сокини мамлакат хотирмону таърихӣ ба Пешвои муаззами миллат сиҳату саломатӣ, умри дароз ва дар амалӣ намудани ниятҳои неки созанда тамоми хушиҳои оламро орзу менамоям.

Таманнои онро мекунем, ки Ҷаноби Олӣ ба бахту иқболи давлату миллат ва мардуми шарифи кишвари азизамон ҳамеша саломату сарбаланд бошанд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Add comment


Security code
Refresh