Исмоилзода Зуфар Муртазохон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб гардид

13 ноябр дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва аъзои ҳизб ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор шуд.

Дар ҷаласа бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории аъзои кумиҷроия Исмоилзода Зуфар Муртазохон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб гардид.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон 1 январи соли 1964 дар ноҳияи Деваштич ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1986 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)–ро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ва соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон фаъолияти меҳнатиашро пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон соли 1988 ба ҳайси инструктор, мудири шуъбаи кор бо хонандагон, ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи ноҳиявии комсомоли Ғончӣ (ҳозира Деваштич) оғоз бахшидааст. Баъдан дар вазифаҳои котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Ғончӣ, раиси Шўрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мудири бахши шуъбаи идеологии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Идораи кор бо ҷавонони вилоят, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбари Маркази аналитикии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи тайёр кардани кадрҳои коргарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кор кардааст.

Солҳои 2007-2011 раиси шаҳри Табошар (ҳозира Истиқлол) ва солҳои 2011-2015 раиси ноҳияи Деваштич шуда кор кардааст.

Дар гузашта вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати IV) ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ғончӣ (даъвати IV) буда, ду маротиба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh