БУНЁДГУЗОРИ БАХТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Миллати барӯманди тоҷик шукронаи онро дорад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани 91 дарсади овозҳо ғолибият ба даст оварданд ва тайи ҳафт соли дигар метавонанд, боз Роҳбар ва Роҳнамои тоҷикону Тоҷикистон бошанд.

Таҷрибаи ин чеҳраи ҷаҳонӣ, сиёсатмадори варзидаи офоқро бисёре аз мамолики дунё шоистаи дастгирӣ медонанд ва аз ин таҷрибаи нодир васеъ истифода бурда истодаанд. Китоби андешаҳои ҷаҳонсози он касро варақ мезанам ва дар ҷое чунин гуфтаанд: «Сарнавишти халқ, ҳамаи илмҳо, ҳикматҳо ва арзишҳоро дар худ ғунҷонида ва ҳифз карда метавонад, танҳо зарур аст, ки ба ин китоби нонавишта инсонвор таваҷҷуҳ ва арҷгузорӣ шавад». Вақте ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат омаданд, азму иродаи халқро писандиданд, мувофиқи хоҳиши онҳо амал намуда, қадам ба қадам ҳамроҳи халқ буданд, гӯш ба садои дили шаҳрвандон дода, дар натиҷа азизу муҳтарами халқ гаштанд. Сарчашмаи ҳамаи муваффақиятҳои ин абармарди ҷаҳонӣ ва сиёсатмадори варзида аз тарбияи дурусти хонаводагӣ, андарзи авастоӣ - «Рафтори нек, пиндори нек ва кирдори нек» буда, ҷавҳари инсонии он касро ташаккул додааст. Олитарин марому мақсадашон нигоҳ доштани Ватан аз порашавӣ, наҷот додани тоҷикон аз парешонӣ, обод намудани Ватани аҷдодӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум аст. Озодӣ ва ободиро дар Тоҷикистон таъмин намуда, кафили пешрафти Тоҷикистон шуданд, ба ҷавҳари ҳастии миллат арҷ гузоштанд, кишвар ва расму оинҳои онро ҷаҳонӣ карда тавонистанд.

Пешвои миллат барои истиқрори сулҳ, таҳкими давлатдорӣ, барои кишварро аз бунбастҳо, муҳосираҳо раҳонидан, ободу зебо намудани Меҳани аҷдодӣ, пешрафти иқтисоди миллӣ, ҷаҳонӣ шудани Тоҷикистони демократӣ, ягона ва дунявӣ хизматҳои арзанда карда истодаанд ва хеле хуб андешаҳои хешро ба таври зайл баён намудаанд: «Халқ довари ҳақгӯву ҳақбин аст. Ман бо он ҳама камбуду нуқсон, душвориву мушкилоти ҳам сиёсӣ, ҳам иқтисодӣ, ҳам иҷтимоиву маънавие, ки одатан хоси замони гузаришҳои бузург ҳастанд, ба ҳувиятшиносӣ ва сарнавиштсозии миллати хирадмандамон бовар ва эътиқоди қавӣ дорам».

Ба қарибӣ Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Пешвои миллат шуда гузашт ва дар он қайд карда шуд, ки даромади умумии буҷети давлат барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷаи соли 2020 ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд мебошад. Бо назардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 20,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар сиёсати буҷети давлатӣ таъмин намудани уҳдадории давлат оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, барои маблағгузории соҳаҳои маориф дар ҳаҷми беш аз 5,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 592 миллион сомонӣ, тандурустӣ 2,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 509 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,2 миллиард сомонӣ бо барзиёдии 262,7 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1 миллиард сомонӣ бо афзоиши 68,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Барномаҳои давлатӣ ба он далолат мекунанд, ки ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ба сатҳу сифати баланд баромада истодааст. Инак, Тоҷикистони соҳибистиқлол 30 сол боз бо роҳбарии ин шахсияти баргузида қадам мезанад ва 30 сол боз халқ ҳаёти осоишта ба сар мебарад.

Тоҷикистон ба як мамлакати транзитӣ табдил ёфт. Барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дастгирӣ ёфта истодааст. Тоҷикистон ба як мамлакати тараққиёфта табдил ёфт. «Даҳсолаи байналмилалии Об барои ҳаёт» аз ҷониби 141 кишвари ҷаҳон пазируфта шуд ва ин ташаббус аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба қатори 20 пешниҳоди арзишмандтарини қабул шуд. «Ман моҳияти умумиҷаҳонӣ ва ҳаллу фасл шудани масоили доғу ҳассоси инсониятро дар ҳамин гуна иқдомҳо мебинам, ки бештар ба андеша ва маниши нек, яъне ба хиради инсонгароӣ ва ҷаҳонсози вобастагӣ доранд» - гуфтаанд Пешвои миллат.

Оламшиносиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он касро мушфиқу меҳрубони аҳли сайёра намудааст ва миллати тоҷик Президенти кишварро ҳамчун бунёдгузори бахти миллат эътироф кардааст.

Бобоҷони НУРЗОД,
адиб ва рӯзноманигор,
ноҳияи Айнӣ

Add comment


Security code
Refresh